Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ба Михаил Саакашвили, раисҷумҳури қаблии Гурҷистон ва устондори қаблии вилояти Одессаи Укроин курсии ноиби сарвазири Укроин оид ба ислоҳотро пешниҳод кардааст. Имкон дорад ӯ аллакай рӯзи ҷумъа, 24 апрел ба ин курсӣ такя занад.
Радаи Укроин рӯзи 24 апрел ин пешниҳоди раисҷумҳурро ба ҷаласаи ғайринавбатиаш ба баррасӣ мегирад ва бо гумони ғолиб онро тасдиқ мекунад. Дар ин бора бо истинод ба се мусоҳибаш ар раёсати фраксиюни ҳизби ҳокими “Слуга народа” хабар медиҳад.
“Нақша дорем, ки масъалаи Саакашвилиро рӯзи ҷумъа ба баррасӣ гирем” — гуфтаст яке аз раҳбарони фраксиюн.
Гуфтанист, раисҷумҳури қаблии Украин Петро Порошенко баъди ихтилофи шадиди сиёсиаш бо Саакашвили, ӯро аз шаҳрвандии кишвараш маҳрум карда, зӯран ихроҷ карда буд.
Владимир Зеленский бошад бо аввалин қарораш баъди расидан ба раёсатҷумҳурии Укроин шаҳрвандии Михаил Саакашвилиро барқарор кард ва ӯро ба Укроин баргардонд.
Саакашвили яке аз варзидатарин ислоҳотгарони 20 соли охир маҳсуб мешавад.