Шаммае аз воқеъоти Шаҳритусу Қубодиён
Моҳи октябр Шаҳритус, шаҳристоне воқеъ дар вилояти Қӯрғонтеппа (Хатлони ҳозира) низ, ки тақрибан моҳҳои май-июни соли 1992 мувоҷеҳи бархӯрдҳои қавмӣ шуда буд, ноором гардид. Ҳол он ки баъди ноҷӯр шудани авзоъ дар Қӯрғонтеппа қисме аз бошандагони ин шаҳр ва навоҳии атрофи он ба Шаҳритусу Қубодиён фирор карда буданд. Шоҳидон нақл мекунанд, ҳанӯз авохири май ва аввали июни соли 1992 низоъи қавмӣ дар Шаҳритус шиддат гирифт. Бо буридани дарахтон баъзе аз ақвоми ӯзбактабор дар роҳҳо мавонеъгузориро шурӯъ намуданд. Ин аъмол замоне сурат мегирифтанд, ки Шаҳритус ҳоло ором буд. Дар ҳамин айём, ба нақли шоҳиде, аз ҷониби афроди мусаллаҳи номаълум ба манзили фарде аз бачаҳои Кӯлоб, ки дар Шарҳитус зиндагӣ мекард, шабона ҳуҷуму террор сурат гирифт, вале хушбахтона, ҳамлаварон натавонистанд ба мақсади шуми худ бирасанд. Мақомот хостанд ин гунаҳро ба дӯши ду нафар аз бошандагони ноҳияи Шаҳритус, ки ғармӣ буданд, таҳмил намоянд. Аммо чун далел надоштанд, натавонистанд ғармиҳоро гунаҳкор дар ин ҷурм эълон намоянд. Чун дар ин маврид натавонистанд мардумро ба низоъ кашанд, роҳи дигареро пеш гирифтанд. Дар ҳамин айём дар Қубодиён тазоҳурот баргузор гашт.
Нахустин тазоҳурот дар Қубодиён, ки моҳи июли соли 1992 баргузор гашт, алайҳи кӯҳистониҳо буд. Дар он гирдиҳамоӣ ӯзбактаборон ва як қабилаи дигари узбакзабон, ки дар Қубодиёну Шаҳритус бо номи арабҳо шинохта мешаванд, зидди кӯҳистониҳо баромад карда, иброз медоштанд, ки кулли мансабҳои равғанин дар дасти кӯҳистониҳост ва эшон бо истифода аз ин ба номуси занҳои онҳо дастдарозӣ менамоянд, бинобар ин кӯҳистониҳо бояд истеъфо бидиҳанд. Чанд рӯз баъд аз он назди Кумитаи иҷроияи ноҳияи Шаҳритус ҳам шоҳиди чунин як гирдиҳамоӣ шуд. Баъд аз ин гирдиҳамоӣ дар даромадгоҳи маркази Шаҳритус, қаблтар аз дидбонгоҳи ба гуфтаи шоҳидон, Горди миллӣ, ӯзбактаборон ба сардории фарде бо исми Худойқул Тошев мулаққаб ба Карлик дидбонгоҳ ташкил карданд.
Алӣ Ҳалимов, яке аз ашхосе, ки дар ноҳияи Шаҳритус нуфуз пайдо карда, баъдан, ҳамчун қумондони Шаҳритусу баъдан қумондони шинохтаи ИНОТ шинохта шуд, мегӯяд, аввалин қурбонӣ дар ин ноҳия фарде бо номи Исмоил мулаққаб ба Сиган буд. Бинобар қавли Алӣ Ҳалимов, ӯро сержанти ӯзбактаборе ба шаҳодат расонидааст. Ҳамчунин ӯ гуфт, дуввум шахсе, ки ҳадафи ҳамлаи ӯзбактаборон қарор гирифт, фарде бо исми Муҳаммадалӣ, корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ будааст. Чун «Карлик», ки қабл аз пости Горди миллӣ пост ташкил карда буд, аввалин ҳамлаи пости ӯ ба пости «ГАИ» буд. Баъд аз ин Шаҳритус ҳам ба мисли Қӯрғонтеппа размгоҳи навбатӣ шуд.
Сиёҳпӯшон кӣ буданд?
Дар ноҳияи Шаҳритус чун шаҳри Душанбе баъди гирдиҳамоиҳо бархӯрдҳои мусаллаҳона шурӯъ шуданд. Мутаассифона, касе яқин ба мо гуфта натавонист, ки аввалин бархӯрди мусаллаҳона дар ин нуқтаи кишвар кай шурӯъ шудааст. Аммо авомили шурӯъи низоъ ва бархӯрдҳои мусаллаҳона дар ин ду ноҳия мухталиф ташреҳ мешаванд. Як сокини собиқи Қубодиён гуфт, ҳанӯз солҳои қабл аз ҷанг ӯзбактаборон мегуфтанд, ки «ин ҷо ҷойи тоҷикон нест. Ин ҷо ҷойи мост». Шоҳиди дигаре ӯзбактаборон ва манфиъатҷӯии онҳоро омили шурӯъи ҷанг медонанд. Дар иртибот ба оғози низоъ дар ин ноҳия бошад, ҳама ишора ба таъсири майдоннишинҳои ҷонибайн дар Душанбе менамоянд.
Назаре, ки дар иртибот ба шурӯъи даргириҳо байни ақвоми маскуни Қубодиён мутафовит аст, афкори Султони Ҳамад, таҳлилгар, собиқ афсари амният, масъули шӯъбаи амнияти ноҳияи Ҷиликӯл дар соли 1992 мебошанд. Ӯ мегӯяд: «вақте силоҳбадастони Фронти халқӣ Вахшу Қӯрғонтеппаро забт карданд, теъдоде аз масокини шаҳру ноҳияи номбурда ба манозили хешу ақорибашон ба ноҳияи Қубодиён фирорӣ шуданд. Онҳо дар собиқ колхозҳои «Пахтакор»-у «Коммунизм» ва маркази ноҳия ҷойгир карда шуда буданд. Баъзе сокинони совхози «Туркманистон» ва деҳоти «Москва»-и ноҳияи Вахш бо силоҳҳояшон гуреза шуда буданд. Дар чунин ҳол, мардуми Қубодиён ба кормандони милитсия ва «КГБ» изҳори норозигӣ карданд, ки чаро гурезаҳо бо яроқҳояшон омадаанд, «онҳо ноҳияи ороми моро ноором менамоянд». Бо чунин суолҳо онҳо назири митинг таҷаммӯъе доир карданд. Дар ҳамин маврид мошине омад, ки дар он силоҳбадастҳои гуреза савор буданд. Мардум мошинро боздошта, силоҳеро гирифтанӣ мешаванд, ки силоҳбадасте тир шиллик менамояд ва он ба писарбачаи 18-19-солае мерасаду ӯ ҳалок мешавад, ки ин воқеъа яке аз сабабҳои ноором гаштани ноҳия шуд».
Ҳамин тариқ, ин навоҳии нисбатан ороми кишвар низ гирифтори бархӯрдҳои мусаллаҳона шуд, ки ба андешаи Султони Ҳамад, бинобар кӯтоҳандешӣ ва якдигарнофаҳмии ҳарду ҷониб, ин воқеъот иттифоқ уфтоданд.
Ҷанг дар Қубодиён шурӯъ шуд, вале дер давом накард. Баъзе шоҳидон мегӯянд, тахминан 4-5 октябр бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Қубодиён шурӯъ шудаанд. Вале ин назир сокинон шояд моҳе иштибоҳ намоянд, зеро баъзе дигаре аз шоҳидон ҷиҳати моҳе баъдтар аз ин оғоз ёфтани ҷанг далоиле пешниҳод менамоянд, ки назар ба гуфтаҳои боло дар иртибот ба шурӯъи ҷанг дар Қубодиёну Шаҳритус собиттаранд. Алъон сари ин масъала баҳси зиёд нахоҳем кард, балки бояд гуфт, ҷанги Қубодиён дер давом накард. Бархе тоҷиктаборони ин ноҳия бо иловаи соири гурезаҳое, ки аз Қӯрғонтеппаву Вахш ин ҷо омада буданд, аз тариқи роҳи Эсанбойи ноҳияи Ленин (Рӯдакии кунунӣ) ба самти Душанбе гурехтанд ва иддае паси сими хордори марзи Тоҷикистону Афғонистон паноҳ бурданд.
Бояд изофа намуд, ки ҷанг дар навоҳии Шаҳритусу Қубодиён аз вижагиҳои хосе бархурдор будааст, ки тамаркуз болои он амри зарурист. Вижагии нахустини ҷанг дар ин минтақа бархӯрди қавмӣ мебошад. Бинобар гуфтаҳои шоҳидон, дар навоҳии мазкур ӯзбакон ва дар умум ӯзбакзабонҳо бо ҳам омаданд ва дар муқовимат бо тоҷикон қарор гирифтанд, ки онҳо низ дар ин минтақа муқимӣ буданд. Ба қавли Алӣ Ҳалимов, чун муқовиматҳо шурӯъ шуданд, тақрибан се моҳ идома пайдо карданд. Вале иттифоқе уфтод, ки ҷонибдорони Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ шикаст хӯрданд. Қабл аз он ки сиёҳпӯшон пайдо шаванд, ӯзбактаборон ва арабҳои муқими ин минтақа бо тоҷикон даргир шуданд. Дар ин даргирӣ тоҷикон, ки дигар онҳоро мухолифин ё «вовчик»-ҳо ном мебурданд (аҷаб, дар Тоҷикистон тоҷик ҷониби мухолиф унвон мешавад ва набояд фаромӯш шавад, ки ин ҷо сухан танҳо аз воқеъоти Шаҳритусу Қубодиён меравад ва эҳтимол дар баъзе навоҳии дигар ҳам кор чунин ранг гирифта бошад) имкон доштанд, ки муқовимат намоянд. Вале бо пайдо шудани афроди махсуси сиёҳпӯш, вазъи мухолифин дар мубориза муташанниҷ шуд. Шоҳидони ҷанг мегӯянд, сиёҳпӯшон афроди ҳирфаӣ буданд ва онҳо бо усулҳои ҷангӣ дар қиболи мардуми оддӣ меҷангиданд.
Тавре аз сӯҳбат бо Алӣ Ҳалимов маълум гашт(дар боло ба қадри ҳол муъаррифӣ шуд), ки сиёҳпӯшон аз хадамоти махсус (СБ)-и Ӯзбакистон будаанд. Ҳамчунин як сокини деҳаи Чирики ноҳияи Шаҳритус бо номи Муҳиддин низ гуфт, сиёҳпӯшон афсарони Ӯзбакистон буданд. Онҳо ин нафарҳоро ҳам қасди куштан кардаанд, вале завҷаи ӯ, ки аз ӯзбакҳои Фарғона аст, монеъ ба анҷоми ин қасди шуми сиёҳпӯшон мешавад ва намегузорад, ки шавҳарашро аз хона берун баранд.
Фирор – наҷот аз террор
Дар умум, бояд гуфт, вақте афсарони Ӯзбакистон дар Шаҳритус пайдо мешаванд, ҳоли тоҷиконро ба танг меоранд. Ин ҷониб бинобар пайдо шудани афсарони махсус ва инчунин нарасидани лавозимоти ҷангӣ рӯ ба ақибнишинӣ меоранд. Зеро ба нақли Алӣ Ҳалимов, ин қувваҳо дигар танҳо пиёданизом набуданд, балки танку БТР ва БМП-ҳое тавассути қатора вориди хоки Тоҷикистон шуда буданд, дар ҳоле ки гурӯҳи низомии Алӣ аз мардуми мулкӣ иборат будааст. Бар замми ин ҳама Алӣ Ҳалимов меафзояд: чархболҳои афсарони Ӯзбакистон аз боло ва қувваҳои заминиашон дар муқобил бо онҳо задухӯрд мекарданд. Ба нақли ӯ, ҳатто ҷангиёни Алӣ тавассути дурбини «Снайпер» дидаанд, ки Сангак Сафаров низ савори он чархболҳо будааст. Онҳо кӯшиш карданд, чархболҳоро зада тарконанд, аммо ба ин кор муваффақ нашуданд. Зимнан нигоштан ба маврид аст, ки иддае аз сокинони Шаҳритус то ба имрӯз ба дарки он нарасидаанд, ки ҳар амали мусаллаҳонаи дар қаламрави Тоҷикистон ба муқобили тоҷикон сурат гирифта, бо барномаи тарҳрези шудаи манбаъҳое буд, ки Фронти халқиро таъсис доданд, албатта дар минтақаи Шаҳритус онро бештар ӯзбакзабонон пиёда карданд. Бубинед, яке аз дигар сокинони Шаҳритус гуфт, ҳанӯз замоне, ки ҷанг шурӯъ нашуда буд ва дар равуо миёни навоҳӣ монеъае вуҷуд надошт, дар роҳ ба сӯйи Бешкент аз миёни ҷӯйҳои пахтазор 8 нафари мусаллаҳро дастгир карданд, ки дар автоматҳои онҳо навишта шуда буд: «Народный фронт имени Сафаралӣ Кенджаева».
Ба ҳар ҳол, то пайдо шудани сиёҳпӯшон, ки афсарони махсуси артиши кишвари дигаре буданд, муқовимати нерӯҳо дар Шаҳритус идома пайдо кард. Вақте онҳо ба кӯмаки Фронти халқӣ расиданд, ҷониби дигар маҷбур шуд, ки фирор ба сӯйи марзи Тоҷикистону Афғонистонро интихоб намояд.
Таърихи дастаҷамъона рӯ ба фирор овардани масокини деҳоти шаҳристони Шаҳритус мухталиф арзёбӣ мешавад. Иддае аз масокин рӯ ба марзи Тоҷикистон Афғонистон оварданро 14 октябри 1992 медонанд, иддаи дигар инро ба миёнаҳои моҳи ноябр иртибот медиҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки иддае аз мардумони гуреза ҳанӯз миёнаҳои октябр паси сими хордор хаймаҳои худро зада буданд ва пуштибонӣ ёфтан аз ҷониби марзбонони русро бовар доштанд. Ва ҳамин тавр қиммати дигаре аз гурезаҳо ба пушти сими хордор 11 ноябри соли 1992 ворид шуданд. 12-уми ҳамин моҳ мардуми ноҳияи Шаҳритус гуреза шуданд.
Султони Ҳамад низ мегӯяд, 11 октябр силоҳбадастон ва онҳое, ки аз кишвари ҳамсоя омада буданд, мардумро маҷбур намуданд, ки ба сӯи марз фирор намоянд. Далели дигар ин аст, ки воқеъаи ба таври ногаҳонӣ кушта шудани писари 18-19- солаи қубодиёнӣ дар таърихи 22-юми октябр ва доир шудани ҷанозаи ӯ дар 23-юми октябр шаҳодат аз он медиҳад, ки то он замон ҳамаи тоҷикони ин минтақа фирорӣ нашуда будаанд. Афроди арабу ӯзбактаборе, ки Султони Ҳамадро мешинохтаанд, ба ӯ маслиҳат додаанд, ки дар маросими ҷанозаи ӯ ва Неъматуллоҳ Билолов, собиқ сардори ШКД-и ноҳияи Қубодиён иштирок нанамоянд, зеро дар он ҷо нияти бад ва асроре нуҳуфтааст, ки эҳтимол бар мабнои онҳо воқеъа ва ё иғвои дигаре сар занад, чун дар он ҷониб ҳам афроди мусаллаҳ дар ҳоли афзоиш будаанд.
Ин вақоеъ дар Қубодиён дар ҳоле рух медоданд, ки 24 октябр ҳамлаи Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе сурат гирифту иддае аз ниҳодҳои давлатӣ ғасб шуданд. Баъди ҳуҷуми Сафаралӣ Кенҷаев, Шаҳритус қадре ором шуд. Мардум интизор буданд, ки дар маркази кишвар чӣ навгоние рух медиҳад, вале саҳари ҳамон рӯз пули Ҷиликӯл аз ҷониби нерӯҳои Фронти халқӣ забт шуд.
Ба таҳқиқи Ҷамъияти таърихӣ-омӯзишӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дӯстии «Мемориал» (Ёдбуд) ва Кумиссиюни Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо натиҷаи бархӯрди мусаллаҳонаи мазкур ин шуд, ки 200 ҳазор нафар дучори мушкил шуда, 5 ҳазор манзил тахриб шаванд.
Баррасии дигар мушкилоти фирориён ва набардҳои эшон баҳри ҷон ба саломат бурдан дар назди сарҳад ва даруни он баҳси алоҳида аст, ки баъдан сари ин масъала тамаркуз хоҳем кард.