Categories Хабарҳо

Як миллиардери Лубнонӣ маъмури ташкили давлати нав дар талотуми буҳрони иқтисодии Лубнон шуд 

Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири собиқи Лубнон рӯзи душанбе, 26 июл муваззаф ба ташкили давлати ҷадид шуд. Ин иттифоқ дар ҳоле рух медиҳад, ки ду нахуствазири қаблӣ дар ташкили кобина ноком монда ва канорагирӣ карданд. 

Наҷиб Миқотии 65 сола яке аз сарватмандтарин афроди Лубнон пас аз таъйиди аксари аҳзоби сиёсии ин кишвар аз ҷумла Ҳизбуллоҳ дар ин пост қарор гирифт. 

Тибқи гузориши хабаргузории Фаронса тайи ройзаниҳо дар парлумони Лубнон ба раҳбарии Мишел Авн, раисҷумҳури ин кишвар, 72 намоянда ҳимояти худро аз Миқотӣ эълом карданд дар ҳоле, кии 42 намоянда мухолиф буданд. 

Ӯ аҳли шаҳри Траблус яке аз фақиртарин шаҳрҳои Лубнон аст, ки мардумаш мӯътақиданд мавриди фаромӯшии сиёсатмадорони ин кишвар қарор гирифтаанд. 

Ин намояндаи парлумон беш аз ду даҳа аст, ки дар сиёсати Лубнон ҳузур дорад ва пеш аз ин дубор низ пости нахуствазириро дар ихтиёр доштааст. 

Миқотӣ пас аз террори Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири пешин дар соли 2005 барои нахустин бор ба унвони раиси давлат мансуб шуд. Вай дар соли 2011 низ барои бори дувум ба ин симмат расид. 

Вай яке аз дӯстони Башшар Асад, раисҷумҳури Сурия аст ва ағлаб ба наздикӣ бо Ҳизбуллоҳ низ муттаҳам шудааст, мавзӯе, ки ҳамеша саъй дошта аз доман задан ба он фирор кунад. 

Forbes мегӯяд Наҷиб ва бародараш Тоҳо дар даҳаи 1980 бо фурӯши телефонҳои моҳвораӣ дар ҷанги дохилии Лубнон (1975-1990) вориди дунёи тиҷорат шуданд. Онҳо сипас бо сохти бурҷҳои мухобиротии телефони ҳамроҳ ба вижа дар Ғино, Либерия ва Бенин тиҷорати худро ба қораи Африқо густариш доданд. Тибқи гузориши ин расона сарвати Миқотӣ 2.7 миллиард доллар баровард шудааст. 

Саъд Ҳарирӣ, дар 15 июл пас аз он ки аз 9 моҳи интисоб ба самти нахуствазирӣ дар ташкили давлат ноком монд аз самти худ канорагирӣ кард. Ў ба таври шаффоф эълом карда буд, ки наметавонд бо Мишеля Авна ба тавофуқе бирасад ва идомаи вазъияти кунунӣ танҳо боиси вахимтар шудани авзоъи Лубнон хоҳад шуд. Пеш аз ӯ Мустафо Адиб ба ин самт мансуб шуда буд, ки сентябри гузашта аз самти худ истеъфо дод. 

Пеш аз Адиб, Ҳасан Диаб симмати нахуствазириро бар уҳда дошт, ки дар пайи хашми умумӣ пас аз инфиҷор дар бандари Бейрут маҷбур ба истеъфо шуд. 

Рукуди иқтисодӣ дар Лубнон то ба андозае амиқ аст, ки банки ҷаҳонӣ онро яке аз шадидтарин мушкилоти таърихи муосири ин кишвар тавсиф кардааст. 

Миқотӣ тибқи гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, пеш аз интисоби худ қавл дода буд, ки зарфи як моҳ давлати ҷадидро ташкил диҳад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *