Рубрики Хабарҳо

Нетнаяҳу: Тағйире дар барномаи илҳоқ анҷом нахоҳем дод

Нахуствазир Исроил эълом кард илҳоқи бахшҳое аз Карона Бохтарӣ дар таърихи якуми июл анҷом хоҳад гирифт ва тағйире дар ин барнома эҷод намешавад. 

Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил тайи суханоне дар нишасти гурӯҳи ҳизби Лекуд, ки раҳбарии онро бар ӯҳда дорад, дар иртибот бо илҳоқи заминҳои ишғолӣ дар Каронаи Бохтарӣ гуфт: Илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ дар таърихи як июл анҷом хоҳад гирифт ва тағйире дар ин барнома эҷод нахоҳем кард”. 

Вай бо ишора ба барномаи ба истилоҳ “тарҳи сулҳи Ховари миёна” ё муомилаи қарни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико изҳор дошт: “Имкони ҳокимият дар Яҳудо ва Сомра (ишора ба Каронаи Бохтарӣ), ки аз соли 1948 ба думболи он ҳастемро ба даст овардаем ва иҷоза нахоҳем дод ин фурсат аз дастамон биравад”. 

Гуфтанист Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 28 январ 2020 тайи нишасти хабарии муштарак бо Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи сафед аз тарҳи ба истилоҳ “сулҳи Ховари миёна” рӯнамои кард ва шаҳри Қудсро “пойтахт”-и ин кишвар хонд. Нетаняҳу низ ин тарҳро “дастоварди бузург ва таърихӣ” барои Исроил унвон кард. 

Эътирозоти мардумӣ дар вокуниш ба тавофуқи Бинямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил ва Бинти Гонтз раҳбари эътилофи оби-сафед бар сари ташкили давлати эътилофӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳамчунон идома дорад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *