Рубрики Хабарҳо

Фармони тиркушоӣ ба зиндониёнро кӣ дод? Шарипов, Ятимов ё каси дигар?

Бо гузашти 2 моҳ аз қатли ом дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз масъули асосии ин қатл — омири тиркушоӣ ба сӯи тазоҳургаронро эълон накрадаанд. Балантарин мақом ҳам, ки барои ин куштори умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд, раиси ҳамин зинон Файзуллоҷон Сафаров аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мавқеъи Сафаров ҳақи судури чунин фармонеро ба ӯ намедод. Албатта Иззатулло Шарипов ҳам ҳақи амр кардан ба гурӯҳҳои зудамали “Алфа”  ва ОМОН мутаъаллиқ ба ГКНБ ва ВКД-ро надорад, магар дар ҳоле, ки ба онҳо дастур дода шавад аз фармони зиндонбони рақами 1 кор гиранд. Дар ҳамин ҳол ҳам дар сурати гирифтани дастури тирандозӣ ба сӯи инсонҳо, қумондони гурӯҳ бояд ин фармонро бо раҳбари худаш дар миён гузорад.

Қаблан Паём иттилоъ дарёфт карда буд, ки танҳо “Алфа” ба сӯи зиндониён тир холӣ кардааст. Вазифаи ОМОН дар иҳота гирифтани зиндон ва назорат бар фирориёни эҳтимолӣ будааст. Пас масъули фармони қатли беш аз 50 нафар ва захмисозии наздики 200 нафар раёсати КДАМ аст.

Аммо бар хилофи интизориҳои ҷомеъа, ҳеҷ нафаре аз раёсати КДАМ, ҳатто қумондони гурӯҳи “Алфа” ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Баръакс, Иззатулло Шарипов аз кор озод ва ба ҷояш муовини аввали раҳбари КДАМ Мансур Умаров таъин гардид. Ин таъинотро ба ҷуз ин ки фармони тиркушоӣ ба маҳбусон бо болотарин сатҳ маслиҳаи шудааст, наметавон фаҳмид.

Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, Мансур Умаров чанд рӯз қабл дар як сӯҳбати гурӯҳи кӯчак эътироф кардааст, ки фармони тиркушоиро ӯ додааст. “Ман ба митингу ошӯбу эътироз нафрат дорам” гуфтааст собиқ муовини аввали раҳбари КДАМ ва сардори имрӯзаи Раёсати муассисаҳои ислоҳотии вазорати адлияи Тоҷикистон.

     

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *