Абдуқодири Рустам, нависанда ва мунаққиди тоҷик аз ҳодисае қисса кардааст, ки хунукназарии корманди Вазорати корҳои дохила ба ҷиноят сабаби марги як марди бовиҷдон шудааст.
Ин мард ҷавонеро, ки ба як духтар дар дохили мусофирбар “гап мепартофт” ва ӯро азият мекард дошта ба назди милиса мебарад. Вале он корманди ВКД бо ин “далел”, ки духтар ба ин мард қаробате надорад, шикояти ӯро гӯш намекунад.
Ин ҳам қиссаи марги фоҷиъабори як марди баномуси тоҷик бо қалами Абдуқодири Рустам:
Ҳамкорамон, — бигӯем Рашид, — ба кор дер омад. Гуфт, ки марди ҳамсояаш дишаб сактаи дил шудааст, ба Қараболо бурдаанд ва ӯ, ки ин субҳ хабар ёфтааст, ба аёдати ҳамсоя ба бемористон рафта ва ба ин сабаб таъхир кардааст.
Баъд ҳикоят кард, ки Муродалӣ – ҳамон ҳамсояаш, — дирӯз пас аз итмоми кор ба минибус савор мешавад, ки ба хона равад. Дар роҳ мебинад, ки дар курсии рӯ ба рӯ ҷавоне сар ба пеш ёзонида ба духтаре гап ҳамроҳ мекунад; духтар ҷавобе намедиҳаду рӯй ба шиша мегардонад, аммо ҷавони шилқин даст ба китфи духтар мегузораду боз гап мепартояд, духтар китфашро тоб медиҳаду аз дасти ҷавон дур мегирад ва бо нигоҳе тарсидаю имдодҷӯй ба атроф менигирад. Муродалӣ чанд бор он ҷавони беадабро тазаккур медиҳад, ки ба духтар кордор набошад. Вале ун ҷавони аблаҳи бетамиз писанд намекунад ва боз ба духтар гап партофтан мегирад. Ин вақт ба фурӯшгоҳи марказӣ наздик мешаванд ва Муродалӣ мебинад, ки милисае дар назди истгоҳ истодааст.
Муродалӣ бармехезаду аз китфи ҷавон мегирад ва кашола карда мефурораду ба назди милиса мебарад ва арзи ҳол мекунад.
Лейтенанти милиса аз Муродалӣ мепурсад:
— Ун духтари худат буд?
— Не!
-Хеши наздикат буд?
–Не!
– Ҳамсоет буд?
— Чӣ фарқ дорад кӣ буд, духтари кадом бандаи Худо буд, албатта.
– Амакӣ? Барои чӣ сари худату дигароя гаранг мекунӣ, духтарат набошад, хешат набошад, нашиносеш, чӣ кор дорӣ?!
Лейтенати милиса рӯй мегардонаду меравад; ҷавон ҳам, ки бо дидани милиса муши мурда шуда буду ранги рӯяш парида, бо тамасхуру истеҳзо ба Муродалӣ нигоҳ мекунаду пирӯзмандона меравад.
Муродалӣ ягон ним соат дар истгоҳ мешинад, баъд мехезаду ба хонааш меравад ва шаб ёрии таъҷилӣ даъват мекунанду ба бемористонаш мебаранд.
Рашид лаҳзае хомӯш монд ва баъд гуфт:
— Аслан гапи ҳамон милиса рост, охир хап рафтан гир, кори ту чӣ ба кору бори ду каси бегона….. Акнун чанд рӯз мехобад маълум нест, аслан дуруст мешавад ё не, ба Худо маълум… Ҳама пули доштагиаш ҳам сарфи давою дармон мешавад.
Суханони Рашид бештар аз кирдори он ҷавони бетарбия ва милисаи бесалоҳият қаҳрамро овард…. Гуфтам:
– Агар ба ҷойи он духтарак, духтар ё хоҳари худат ҳам мешуд, ҳамин тур мегуфтӣ? Шукри Худо, ки дар ин шаҳр ҳоло ҳам мардоне мисли Муродалӣ боқӣ мондаанд, агар инҳо ҳам, ки набошанд, Душанбе ба боғи ҳайвонот табдил меёбад.
Пас аз ду рӯз Рашид боз ба кор дер омад – пас аз наҳор.
Гуфт:
– Муродалӣ вафот кард, ҳоло дар Сари Осиё гӯр карда омадем.