Рубрики Хабарҳо

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди коруноро эътироф карданд

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди вируси коруно дар Тоҷикистонро эътироф карданд. Тасмим гирифта шудааст ба зудӣ тариқи телевизионҳои давлатӣ ин эътироф эълон шавад.

Хабаргузории Сптуник бо истинод ба манбаъаш навиштааст ин эътироф дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии «вируси корона» ё COVID-19, ки имрӯз таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва ҳам раиси ин Ситод баргузор шуд, зикр шудааст.

Дар ин ҷаласа ба ин натиҷа расидаанд, ки вуҷуди вируси коруна дар Тоҷикистон эътироф ва тариқи телевизиони давлатӣ эълон шавад.

«Барои эълони ин хабар ба ҷомиаи Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандуруастии Тоҷикистон муваззаф шудааст. Интизор меравад, ӯ тариқи телевизион аз утоқи кории худ ин хабарро ба мардуми Тоҷикистон бирасонад», — гуфтааст манбаъ.

Ҳамин тавр, бино ба гузориши манбаъ, дар кишвар 15 ҳолати гирифторӣ ба «вируси коруна»: 10 маврид дар шаҳри Хуҷанд ва 5 маврид дар шаҳри Душанбе сатб шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *