11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Тахлияи як хобгоҳ дар Хуҷанд ва кӯмакпурсӣ аз донишҷӯён

Хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар микрорайони 20 Хуҷанд ҷойгир аст, аз донишҷӯён холӣ мекунанд. Қарор аст бинои хобгоҳро барои ҷойгузин кардани афроди карантиншуда истифода баранд.

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, имрӯз, 30 апрел ба тамоми донишҷӯён дар хобгоҳ амр шудааст, бағочи худро ҷамъ карда, хобгоҳро холӣ кунанд. 

Як манбаъи дигар гуфт, ки донишҷӯёни курсҳои аввал, дуввум ва саввум дар тамоми кишвар аз фардо, 1 май ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.

Ҳамчунин донишҷӯён аз ҷамъоварии кӯмаки 1 сомонӣ аз 20 000 донишҷӯ дар Хуҷанд хабар медиҳанд. Онҳо аксеро равона карданд, ки бо рамзи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо навиштаи “Дасти мадад дароз намо” дар девор часпонда шудааст. 

Донишҷӯе, ки ин аксро равон кард, мегӯяд ҳарчанд кӯмак гӯё ихтиёрист, вале аз онҳо онро маҷбуран ҷамъоварӣ мекунанд. Ва на 1-сомонигӣ, балки дар ҳар донишгоҳ ва ҳатто факулта ҳар хел.

Сокинони шаҳри Хуҷанд ба Паём навиштанд, ки ҳар шом гурӯҳе аз мардуми шаҳр ба беморхонаҳое, ки гирифторони коруноро бистарӣ кардаанд, ифтор мебаранд. Касе аз табибон ҳақи хориҷ шудан аз беморхонаро надорад ва хӯрокҳои бурдаи мардумро аз тирезаҳо қабул мекунанд. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *