Беҳбудёфтагони коруно дар ҷаҳон +1 млн. Дар Тоҷикистон тоза шурӯъ шуд
Шумори беҳбудёфтагони бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба як миллиону 9 ҳазор нафар расид. Дар Тоҷикистон мақомот тоза ба шуйӯъи вирус дар кишвар эътироф карданд.
Бар асоси охирин додаҳои Веб-сайт Worldometers, шумори беҳбудёфтагони вируси ҷадиди коруно “COVID-19” дар саросари ҷаҳон ба як миллиону 9 ҳазор нафар расид.
Дар ин миён, Амрико бо 147 ҳазору 411 мавриди беҳбудёфта дар садри феҳристи кишварҳои дорои бештарин омори беҳбудёфтагон аз бемории коруно қарор дорад.
Ҳамчунин Испониё бо 132 ҳазору 929 нафар, Олмон бо 120 ҳазору 400 нафар, Чин бо 77 ҳазору 610, Эрон бо 73 ҳазору 791 нафар, Итолиё бо 71 ҳазору 252 нафар ва Фаронса бо 48 ҳазору 228 мавриди беҳбуди ёфта дар радаҳои баъди қарор гирифтанд.
Дар ҳамин ин сойт бори аввал дар ҷадвали худ Тоҷикистонро бо 15 гирифтори коруно ҷой дод.
Аз сӯи дигар шумори мубталиён ба бемории коруно дар саросари ҷаҳон ба 3 миллиону 220 ҳазору 268 нафар ва теъдоди қурбониёни ношӣ аз ин вирус низ ба 228 ҳазору 224 нафар афзоиш ёфтааст.
Гуфтанист COVID-19, ки барои нахустинбор дар декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳон, маркази устони ҳубии Чин мушоҳида шуд дар беш аз 200 кишвару минтақа густариш ёфта ва ба як бемории ҳамагир ҷаҳонӣ табдил шудааст.