11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Амният мардумро тарс медиҳад

Аз субҳи имрӯз дар паёмакрасонҳои Тоҷикистон матни ҳушдоре давр мезанад, ки дар он гуфта мешавад сар аз фардо тамоми зангҳову паёмакҳо сабт ва пайгирӣ хоҳанд шуд. Ин матн гӯё аз номи ВКД расонаӣ шудааст, аммо дар сойти ин вазорат дида намешавад ва хабар расмӣ ҳам нест.

Дар ҳамин ҳол матни русии ҳамин ҳушдор аз номи Кумитаи амният паҳн мешавад. 

Матни ин ҳушдор (бидуни таҳрир) ба шакли зер аст:

ВКД:

Аз пагоҳ сар карда, қоидаҳои нави иртибот пайдо мешаванд

Ҳама зангҳо сабт карда мешаванд.

Ҳама сабтҳои занги телефон сабт мешаванд.

Ҳама паёмҳо ва зангҳо аз Сайтҳо сабт мешаванд

Мониторинги Twitter

Мониторинги Facebook

Мониторинг Ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо

Бигзор онҳое, ки намедонанд.

Ҳама дастгоҳҳо ба системаҳои шӯъбаи хизматрасонии занги овозӣ ва CDMX-и ҳукумат ва ҳукумат пайваст карда шудаанд

Эҳтиёт шавед, ки паёмҳои зиёдатӣ ва иттилоотро хилофи қонунҳо ва ахлоқ фиристед

Аз мубодилаи маълумоти махфӣ бо дӯстон ва хешовандон худдорӣ намоед. Ба фарзандони худ гӯед ва хеле эҳтиёт шавед! Хеле

 расонидани ин паём танҳо имрӯз муҳим аст

Зеро аз фардо дар кишвар аллакай шакли дигари мушоҳида вуҷуд дорад.

Аҷиб, аммо ҳақиқат аст.

Имрӯз онро танҳо ба ҳамаи наздикон ва дӯстони худ фиристед.

«Ҳар он чизе ки шумо менависед ё мегӯед, мумкин аст бар зидди шумо истифода шавад, ҳатто ҳар шӯхӣ!»

ХУЛАС ЭХТИЁТ БОШЕД!

Коршиносон мӯътақиданд, ки ин як трюки мақомот, ба хусус КДАМ ва ВКД аст, то мардмро аз интишори ахбори вобаста ба коруно ва интиқоли он ба хориҷ тарс диҳанд. 

“Дар асл мақомот агар аз ӯҳдааш мебаромаданд, кайҳо тамоми ин шабакаву паёмакрасонҳоро зери назорат мегирифтанд ва ончиро, ки тавонистаанд, кайҳо гирифтаанд. Ин танҳо тарсдиҳии мардуми сода аз интишори ахбор аст”, — гуфт ба Паём масъули равобити хориҷии ПМТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов.

Муҳандиси IT Парвиз Шокирҷонов, ки дар Аврупо ба сар мебарад мегӯяд “ҳанӯз дар Тоҷикистон имкониятҳои техникии ин кор вуҷуд надорад. Албатта онҳо метавонанд зангҳои муқаррарӣ аз телефонҳоро гӯш кунанд, аммо сабти паёмакрасонҳо мисли Ватсап, Вайбер, Имо, Месенҷери фейсбук бе ҳамкории моликони ин паёмакрасонҳо тақрибан ғайриимкон аст. Моликони онҳо бошанд ба ҳеҷ ваҷҳ на танҳо ба ҳукумати Тоҷикистон, балки ҳукуматҳои муқтадире чун Чину Русия ҳамкорӣ намекунанд”. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *