Рубрики Хабарҳо

КҲФ аз имкони селфароӣ огоҳ кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо задани бонги хатар, эълон кард, ки дар роҳҳи кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел, тарма ва сангрезиҳо пешгӯӣ мешаванд. Рӯзҳои 2-3 майи соли 2020 болоравии якбораи сатҳи оби дарёҳо дар назар аст

Дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, бино ба иттилооти Агентии обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 5 майи соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар шакли борону жоларезиҳои шадид ва раъду барқ боқӣ хоҳад боқӣ мемонад.

Санаи 4 май дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон вазиши шамол бо шиддати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.

Дар гузориши манбаъ омадааст, ки дар роҳҳи кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел, тарма ва сангрезиҳо пешгӯӣ мешаванд. 2-3 майи соли 2020 болоравии якбораи сатҳи оби дарёҳое, ки аз доманаҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва Вахш сарчашма мегиранд, ҳамчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон тахмин мешавад».

Дар робита ба ин Кумита бо исрор аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки тадбирҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сафар ба кӯҳсор, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар мавзеи кӯҳсор мерӯянд, худдорӣ кунанд, Ҳамчунин, ҳавои тағйирёбанда чарондан ва нигоҳубини чорворо дар чарогоҳҳо мушкил мекунад.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард, хусусан ҳангоми истифода аз роҳу ағбаҳои кӯҳӣ, Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулода аз ронандагоне, ки воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша доранд, исроркорона хоҳиш менамояд, ки ҳаракати худро шабона маҳдуд созанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хоса реҷаи суръати таъингаштаро риоя кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *