Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур, дирӯз 30 апрел таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Аслан 90 дарсади маҷлисҳои ҳукумат чизи ҷолибе барои расонаӣ кардан надоранд, бинобар ин ҳамеша аз тарафи расонаҳои мӯътабар нодида гирифта мешаванд. Маҷлисҳо танҳо аз ҷониби хабаргузории давлатии “Ховар” ва бархе расонаҳои дигари давлатӣ расонаӣ мешаванд, ки шумори хонандагонашон аз 100 нафар бештар нест.
Дар ҳамин ҳол, маҷлиси дирӯзаи ҳукумат аз ҷониби ду расонаи маъруф — “Радиои Озодӣ” ва “Ахбор” расонаӣ шуд. Сабаб — ду ҳафта ғоиб будани раисҷумҳур, ки тоза пайдо шудааст. “Ахбор” каме ба масоили баррасишуда ҳам таваҷҷӯҳ кардааст, ки дар ҷаласа масъалаи вируси коруно тақрибан дар ҳошия қарор дошт. “Озодӣ” онро чун як хабари кӯтоҳ нашр карда ба фосилагирии иҷтимоии вазирон диққат додааст.
Аммо таваҷҷӯҳ ҳам ба ин масъала ба назари мо камтар аз он буд, ки бояд мешуд ва муҳимтар аз ин, асоситарин нуктаи ин маҷлис аз назарҳо дур монд: Маҷлиси ҳукумат дар як бинои номаълум ва ношинос баргузор гардид. Қаблан тамоми ҷаласаҳои дар бинои ҳукумат баргузор мешуданд ва танҳо гузоштани акс кофӣ буд, ки бинанда дарк кунад сухан аз ҷаласаи ҳукумат меравад. Ин ҳам толоре, ки ҳамеша ҷаласаи ҳукумат дар он баргузор мегашт:
Баъди нашри ин хабар, як манбаъ иттилоъ дод, ки Раҳмон дар истироҳатгоҳе дар деҳаи Бошбулоқ, ки канори кӯли Норак аз тарафи Данғара ҷойгир аст, қарор дорад. Ин истироҳатгоҳ, ки дар мамнӯъгоҳ қарор дорад, қаблан ҳам сахт муҳофизат мешуд, вале ду ҳафтаи охир ҳифозат аз он бошиддаттар шудааст.
Зоҳиран аъзои ҳукуматро барои ширкат дар ҷаласа ба он ҷо бурдаанд.
Аммо дар бораи масоиле, ки дар ин ҷаласа баргузор гардид.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур менависад пеш аз ҳама ҳисоботи вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода дар бораи ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” шунида шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат, вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроия дастур дод, ки «ҷиҳати татбиқи босамари Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, аз ҳамаи имкониятҳо пурсамар истифода баранд».
Баъдан ҳукумат чанд барномаи давлатии дигару тағйирот ба чанд қонунро баррасӣ кардааст. Рӯйхати масоили баррасишударо метавонед дар сойти дафтари матбуотии раисҷумҳур пайдо кунед, албатта агар хоҳиш шинос шудан бо онҳоро доред.
Баъдан Раҳмон чун ҳамеша “супоришҳои мушаххас” додааст, супоришҳое, ки чанд соли охир такрор мешаванд. Айнан ду абзатси ахири хабари даи дафтари матбуотӣ:
Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ, кишту кори баҳорӣ, кишти такрорӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тамизкунии кӯчаю хиёбон, иншоотҳо, манзилҳои зист, баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум барои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва иҷрои маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб, дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Тамом. Вируси коруно ҳатто чун мавзӯъи алоҳида баррасӣ нашуда, дар қароти бемориҳои сироятии дигар зикр шудааст.
Аз мавзӯъҳои баррсишуда дар ҷаласа, ки ҳеҷ ниёзе ба ҷамъшавии тамоми аъзои ҳукумат надоштанд ва аслан ба дарде намехӯранд, мешавад хулоса кард, ки аъзои ҳукуматро ҷамъ овардаанд, то ба мардум нишон диҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон зинда аст, дар кори ҳукумат ширкат мекунад ва ғами мардумро мехӯрад.
Танҳо ин масъаларо фаромӯш карданд, ки акс аз ҷаласа метавонад фирорӣ будани “пешво”-ро ошкор кунад.