Навори кӯтоҳе ба дасти Паём расид ки аз даҳшати вируси коруно дар Тоҷиикистон қисса мекунад.
Ин навор ҳамагӣ 4 сония тӯл мекашад. Дар он дида мешавад, ки дар як ҳуҷраи беморхона ду ҷасади кафанпеч дар ду кати хоб гузошта шудаанд. Дар байн тахтаи мурдашӯӣ қарор дорад.
Ҳамчунин назди тахтаи мурдашӯӣ сатили об истода, фарш ҳам тар аст ва фаҳмида мешавад, ки мурдаҳоро тоза шуста кафан кардаанд.
Вуҷуди якбора ду мурда дар як ҳуҷраи мурдашӯӣ метавонад гувоҳи он бошад, ки ин ду нафар ҳади ақал дар чанд соат раҳматӣ шудаанд.
Зоҳиран навор дар яке аз беморхонаҳои шаҳри шаҳри Истаравшан гирифта шудааст, чун зане бо лаҳҷаи истаравшанӣ мепурсад “чо каросӣ?”
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳолати марг аз коруноро эътироф накарда, шумори гирифторонро ҳам ҳамагӣ 15 нафар мегӯянд.