Дар барномаи қаблӣ оиди ҳукми гирифтани шаҳрвандии кишварҳои ғарб ва истиқомат кардан дар байни онҳоро дида баромада будем. Пеш аз бо тафсил баён кардани масъалаи ҳиҷрат, мехоҳам нуктаи муҳимеро зикр кунам. Албатта ҳар яки мову шумо медонем, ки инсон хоҳу нохоҳ ватани худро дӯст медорад. Ҳеҷ як нафаре бесабаб барои муддати дароз ва ё барои ҳамешагӣ хоки ватанро тарк намекунад.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам аз рӯзе, ки Паёмбар эълон шуданд, дар байни аҳли Макка хешовандону ҳамватанони хеш азобу шиканҷаҳои сӯзону бардавом диданд. Ҳамсари маҳбубаашон Хадиҷа бар асари беморие, ки аз дасти гуруснагиву муҳосари мушрикони Қурайш диданд, вафот карданд, ду ҷигарбандашон Руқаяву Умму кулсумро танҳо ба хотири он, ки падарашон яктопараст аст, шавҳаронашон талоқ доданд, туҳмат, шиканҷаи ҷисмонӣ, марги асҳобу наздикон, инҳо ҳама дар хоки Макка гузашт. Сарзамине, ки бо оғози ваҳйи Илоҳӣ ёдгоре пур аз ранҷу алами Расулаллоҳ дар он сабт аст. Бо он ҳама машаққате, ки Паёмбар дар ватани худ диданд, ҳангоми тарк кардани ватан, ҳангоми ҳиҷрат ба Мадина, Паёмбар ба Макка нигоҳ карда чунин гуфтанд:
والله انك لاحب ارض الله الي و انك لاحب ارض الله الى الله و لولاان اهلك اخرجوني منك ما خرجت
Қасам ба Аллоҳ, ту бароям маҳбубтарин сарзамини Аллоҳ ҳастӣ, ту маҳбубтарин замини Аллоҳ дар назди Аллоҳ низ ҳастӣ, агар мардумат маро берун намекарданд, ман асло туро тарк намекардам.
Имрӯз ба ҳолати ҳамватаноне, ки падару модари худ, хонаву дари худ, хоки ватану зодгоҳи худро тарк карда, ба кишварҳои ғарб, Русияву Укроино, Лоҳистону Олмон паноҳ мебаранд, нигоҳ карда суол мекунам, чӣ маҷбур кард, ки мо ҳама тарки ватан кунем, ҳаёти ғарибиро ба иқомати ватан тарҷеҳ кунем, ҳаёти беҳтар ё зулми тоқатнофарсо.
Иддае ҳамеша аз ватандӯстиву ягонагии миллӣ сӯҳбат доранд, гӯё ки онҳое, ки дар ҳиҷрат ҳастанд, душмани ватану миллат ҳастанд, дар ҳоле, ки дарди ҳиҷрони ватану ёди хоки ватан қалби якояки муҳоҷирро месӯзонад, мо аз ватан нагурехтем, мо тарки ватан накардаем, мо тарки зулму ноҳаққиву ноадолатӣ кардаем, вагарна инсон бо ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббати макони зисту замини аҷдодиаш ба дунё меояд.
Ҳиҷрат ва аҳкоми он
Чӣ тавре, ки бо тафсил дар барномаи гузашта баён карда будем, вақте шахси мусалмон дар ватани хеш эҳсоси хатар мекунад, ҷонаш, молаш, обрӯяшро хатар таҳдид мекунад ва медонад, ки дар яке аз кишварҳои куффор барояш амну амон фароҳам аст, бешак паноҳ бурдан ба давлатҳои ғарби омин ҷоиз аст, аммо ба шарте, ки дар он кишвар воҷиботҳои динии худро анҷом диҳад, аҳкоми Илоҳиро иҷро карда тавонад, аз дини худ хориҷ нашавад, ва дар динаш халалҳо эҷод нагардад. Дар ин сурат ба давлатҳои ғарб паноҳ бурдан, ҷоиз аст, зеро асҳоби Расулаллоҳ низ вақте шиканҷаи мушрикҳои Макка болояшон зиёд шуд, ба Ҳабаша сарзамини масеҳӣ ҳиҷрат карданд ва аксарашон наздик ба 12 сол дар онҷо боқӣ монданд.
Ҳолати имрӯзаи ҳамватанони мо низ ғолибан чунин аст. Нафареро барои сухани ҳақ гуфтанаш хатар таҳдид мекунад, нафареро ба хотири дар эътиқоди худ мустаҳкам будан, барои сатр доштану риш доштан, нафареро танҳо барои он, ки хост аз ҳаққи касе дифоъ кунад, ҳамин гуна мардуми мазлуми кишвари ман бо вуҷуди аҳолии 96 дарсад мусалмон дошта, тарки ватан кардаву ба сӯи кишварҳои дигар, махсусан ба кишварҳои масеҳӣ паноҳ мебаранд.
Дар ин ҳолатҳо албатта ба давлатҳои ғарб паноҳ бурдан, ҷоиз аст, нуқтаи муҳим ин ҷост, ки ҳар як муҳоҷире, ки баробари аз хатар гурехтан, бо худ нияти таблиғи дин дошта бошад, то тавон бо даъват, рафтор, ахлоқи ҳамидаву муомилаи росткоронаи худ мардумро ба дини Аллоҳ даъват мекунам, гӯяд, баробари ҳар як сонияе, ки дар муҳоҷират мегузаронад, аҷр мегирад.
Дар китобҳои торих мебинем, ки бисёре аз кишварҳо бо воситаи тоҷирони ростқавлу парҳезгори мусалмонҳо ба ислом гаравидаанд. Барои мисол кишвари Индонезия, ислом ба он ҷо аз тариқаи тоҷирони мусалмон ворид шудааст, мардум бо дидани ростқавливу ахлоқи ҳамидаи мусалмонон Исломро қабул кардаанд.
Комилан акси нафароне, ки ҳамчун паноҳанда ба кишварҳои ғарб по мениҳанд ва аз номи Ислом бо номи мусалмонӣ ғорат мекунанду ғанимат гӯён моли мардумро медузданд. Бо ин амалкардҳои ғалату хилофи шаръӣ, ҳам нафрати мардумро ба дин меафзоянд, ҳам амнияти худу ҳамватанони худро зери хатар мебаранд. Ахлоқи пасту бесаводии худро зери пардаҳои тақвову имон пинҳон карда, садҳо ҷавонҳо, балки наврасҳои шонздаву ҳабдаҳсоларо гумроҳ кардаанд.
Аммо вақте шахси мусалмон дар ватанаш метавонад, мисли мардуми оддӣ зиндагӣ кунад, касе ӯро таҳдид накунад ва хатаре ҳам пайгираш набошад, шароити зисташ низ ҳамқиёси мардуми оддӣ бошад, дар ин ҳолат ба хотири зиндагии беҳтар ба кишварҳои ғарб ҳиҷрат кардану дар онҷо истиқомати доимиву шаҳрванди гирифтан, ҷоиз нест. Иддае аз уламо ин намуд ҳиҷратро ҳаром мегӯянд, иддае макрӯҳ.
Зеро шахсоне, ки вақте беягон сабабу зарурат дар байни куффор зистанро тарҷеҳ мекунанд, дар ҳоле, ки дар байни мусалмонҳо ҳеҷ мушкилии ҷиддӣ надорад, вале мехоҳад дар ҷамияти ғайримусалмони зиндагӣ кунад, дар ин ҳолат албатта дар дини худ халал дорад.
Дар Сунани Абудовуд омадааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
من جامع المشرك و سكن معه فانه مثله
Ҳар нафаре, ки бо мушрикон мухолата кунад, бо онҳо зиндагӣ кунад, ӯ аз онҳост.
Албатта, маънои ҳадис ҳамон мухолатае, ки ҳамчун дӯсти ҷони бо қалби худ ӯву дини ӯро дӯст доред, барои ризогии онҳо шариати Аллоҳро зери по кунед, мисли онҳо зиндагӣ кардану ҳамранги онҳо буданро хоҳанд.
Аммо муносибати оддӣ, доду гирифт, ҳамсоягиву хешовандӣ, муносибатҳои молӣ, инҳо ҳама ҷоиз ҳастанд.
Ба наздикӣ оиди ин масъала сӯҳбати яке аз уламоро мешунавидам, ки мегӯянд, бародароне, ки дар давлатҳои ғарб ва ё давлатҳои ҳуккомаш аз шариат бехабар зиндагӣ доранд, худро ба ҳаёти асҳоби паёмбар қабл аз ҳиҷрат ба Мадина муқоиса кунед, хеле бо эҳтиёт муомиларо дореду ҳамеша барои ислоҳи мардум кӯшиш кунед.
Инҷо шояд баъзе хоҳару бародарон савол кунанд, ки дар шароити имрӯза, зиндагӣ барои мусалмон, ҳам аз ҷиҳати озодии динӣ, ҳам аз ҷиҳатӣ озодии фикрӣ, шароити беҳтари таълим, ҳатто барои духтаракони сатрдор давлатҳои Аврупо мусоид аст, озодие, ки дар ин давлатҳо барои мусалмон вуҷуд дорад, шояд дар аксарияти давлатҳои араб ҳам вуҷуд надошта бошад.
Албатта, дар ин ҳолат ҳар нафаре, ки ба хотири озодии дин ба Аврупо ҳиҷрат кардан, аҷр дорад, ин масъала комилан возеҳ аст.
Вале масъалае, ки алъон баён кардем, ин вобастаги дорад ба шахсоне, ки на ба хотири дину эътиқод ҳиҷрат мекунанд, маҳз барои дар байни куффор будану мисли онҳо дар озодии комил зистан, сафар мекунанад.
Муслимаи Аҳмадӣ