Рубрики Хабарҳо

Духтари Назарбоевро ба истеъфо фиристоданд

Дариға Назарбоева, Духтари раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон ва раиси  маҷлиси ин кишвар аз симмати худ канорагирӣ кард.

Дафтари Қосим Жомарт Токаев, раиси ҷумҳури феълии Қазоқистон дар баёнияи кутоҳе канорагирии Назарбоеваро эълом кард, аммо дар бораи иллати он тавзеҳ надод.

Дариға Назарбоева,   роҳбарии Сенати Қазоқистонро соли 2016 бар уҳда гирифта буд.

Тибқи қонуни асосии Қазоқистон, раиси Маҷлиси Сенат шахси дуюми кишвар ба ҳисоб меравад.  Дар сурати истеъфо, аз корафтодагӣ, барканорӣ ва ё фавти раисҷумҳур уҳдадори вазифаҳои раёсати дастгоҳи иҷроии кишвар хоҳад буд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *