Шоми гузашта, 3 май, соати 22:24 ҳавопаймои махсусе, ки ба кашонидани беморон, ба хусус беморони гирифтори вирус машғул аст, аз Душанбе ба Рамстейни Олмон парвоз кард. Ин ҳавопаймо аз Франкфурт ба Душанбе омада, ҳамагӣ ним соат дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт.
Бо вуҷуди он ки роҳи ҳавоии кишвар баста аст, шоми дирӯз як ҳавопаймои Gulfstream G-III мутталлиқ ба ширкати хусусии Phoenix Air аз Франкфурти Олмон ба Душанбе парвоз кард, соати 20:09 бо вақти маҳаллӣ ба фурӯдгоҳи пойтахт нишаст ва соати 20:37 ба самти шаҳри дигар Олмон — Рамстейн парид.
Ин оморро сойти ки омори парвозҳо аз тамоми фурӯдгоҳҳои ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, нишон медиҳад.
Хидматрасонии ширкати Phoenix Air бамаротиб гаронтар аз тайёраҳои оддии санитарӣ аст, чун барои VIP персонаҳо пешбинӣ шудааст. Парвози тайёраҳои санитарӣ дар тамоми ҷаҳон як амри маъмулист. Аммо Phoenix Air-ро танҳо сарватмандон супориш медиҳанд.
Аз навъи ҳавопаймо ва ширкати ҳавопаймоӣ ин хулосаро метавон баровард, ки аз Душанбе ба Олмон чанд нафар парвоз кардаанд ва онҳо афроди хеле сарватманд ва таъсиргузор ҳастанд.
Роҳи ҳавоии Тоҷикистон ҳоло баста аст ва барои парвоз иҷозаи махсуси ҳукумат лозим аст. Дар гумон аст, ки бе огоҳии Эмомалӣ Раҳмон ё ҳади ақал Рустами Эмомалӣ касе ҷуръат иҷозаи парвози чунин навъи ҳавопайморо диҳад. Пас раисҷумҳур ва писараш, аниқтараш раиси Маҷлиси Миллӣ аз ин парвоз огоҳӣ доштанд.
Пас дар ин щавопаймо нафаре аз нафарони бисёр наздик ва таъсиргузор ба Оила ё узви он парвоз кардааст. Дар ин авохир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифтории чанд узви Оила, аз ҷумла Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисҷумҳур ва ҳатто Рустами Эмомалӣ ҳарф мезананд.
Суоли матраҳ ин аст: вақте бо вуҷуди кӯмакҳои зиёди хориҷӣ, ки ҳаҷмашон аз 100 миллион доллар ҳам убур кард, дар беморхонаҳо таҷҳизоти зарурӣ барои табобати беморони COVID-19 намерасад, ҳатто ниқобу дастпӯшро мардум таъмин мекунад, онҳо аз кадом ҳисоб ба Олмон барои табобат парвоз мекунанд?
Сообщение ПАЁМ.net.