Categories Хабарҳо

«Ҳамидулло Машрабзода, на Ҷамолиддин Нуралиев»

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бо аломатҳои илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ кардаанд.

Се рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳое дар бораи гӯё бо аломатҳои пневмония бистарӣ шудани Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ ва домоди президенти Тоҷикистон нашр шуда буд, вале манобеи огоҳ аз Бонки миллӣ хабар доданд, ки Ҷамолиддин Нуралиев сари кор аст ва дар асл муовини дигари раиси бонк Ҳамидулло Машрабзода бистарӣ карда шудааст. Машрабзода аз рӯи ихтисос муҳандиси барномасоз буда, моҳи ноябри соли 2016 ба мақоми муовини раиси Бонки миллӣ таъйин шуд.

Тавре сомонаи  «Ахбор” бо такя ба манобеаш хабар медиҳад, дар ҳоли ҳозир аксари кормандони Бонки миллӣ бо шеваи фосилавӣ аз хона кор мекунанд. Маҳдудиятҳо дар реҷаи кории Бонки миллӣ рӯзи 21 апрел, вақте шурӯъ шуд, ки дар пайи мариз шудани чанд корманд ҳамаи 35 корманди департаменти аудити ин ниҳодро ба карантини маҷбурӣ фиристоданд.

Яке аз онҳо ронанда Хуршед Раҳимовро рӯзи 1 май дар ҳолати вазнин аз ноҳияи Вахш ба Душанбе овардаанд.

Ҳамсояҳои Хуршед Раҳимов аз ҷамоати Виён хабар доданд, ки вақте кормандони Бонки миллиро ба карантин фиристоданд, Хуршед Раҳимов ба зодгоҳаш баргашт ва карантинро бо як ҳолати аҷибу ғариб паси сар мекард: «Худро дар як ҳуҷра маҳкам карда буд ва касе аз наздиконашро пеши худ роҳ намедод. Фақат мегирист ва ҳар сари чанд вақт дастаи дару дигар ҷойҳоеро, ки дасташ мерасид, бо хлор мешуст. Рӯзи 1 май аҳволаш вазнин шуд ва ӯро ба Душанбе бурданд.”

Хуршед Раҳимов ронандаи Фирӯз Раҳмонов, ҷияни Адолат Раҳмонова буд. Фирӯз Раҳмонов чандин сол раиси колхоз буд ва сипас дар мақомҳои роҳбарии ноҳияи Вахшу вилояти Хатлон кор кард ва ҳар ҷое мерафт, Хуршед Раҳимовро ҳамчун ронанда бо худ мебурд. Як муддат Фирӯз Раҳмоновро ба Бонки миллӣ ба кор гирифтанд ва ӯ ронандаашро ҳам бурд. Фирӯз Раҳмонов сипас ба Хатлон баргашт, вале ронандааш дар Бонки миллӣ монд.

Хуршед Раҳимов соли 1965 ба дунё омада, риштаи забону адабиёти Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм кардааст ва ихтисоси аслиаш омӯзгорист.

Сообщение ПАЁМ.net.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *