Муҳоҷирони афғон, ки дар садади вуруди қочоқӣ ба Эрон будаанд, шаҳодат додаанд, ки 57 нафар бо таҳдиди аслиҳаи марзбонон маҷбӯр шуданд ба рӯдхона бипаранд ва баргарданд. Токунун шаш ҷасад аз об гирифта шуда ва вазорати хориҷаи Афғонистон дастури таҳқиқ додааст.
Теъдоде аз коргарони афғон, ки қасди вуруди ғайриқонунӣ ба Эронро доштаанд, иддао кардаанд, ки сарбозони марзбонии ин кишвар, даҳҳо нафарро пас аз як шаби боздошт, ба рӯдхонаи Ҳарируд андохта ва мӯҷиби ғарқ шудани онҳо шудаанд. Ин афрод, ки ҷон ба дар бурдаанд, мегӯянд марзбонҳо ба зарби аслиҳа, коргаронро маҷбӯр карданд ба об бипаранд.
Воқеъа дар минтақаи марзии “Даҳонаи зулфиқор” рух дода — минтақае дар марзи Эрон, Афғонистон ва Туркманистон дар муҷовирати шаҳристони турбатҷом.
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”, ки дар Кобул мунташир мешавад, ба нақл аз як шоҳид менависад: “Нерӯҳои марзии Эрон ибтидо бар коргарони афғон гулӯлаборӣ карда ва пас аз латукӯби онон, 57 танро дар оби рӯдхонаи Ҳарируд андохтанд, ки аз ин миён 23 тан ҷон бохтаанд.”
Широқо Тоҳирӣ, яке дигар аз гувоҳон, ба ҳамин рӯзнома гуфта, ки ин идда соати як бомдоди шанбе ба зӯр дохили рӯдхона андохта шуданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ тасовири аз аҷсоди ёфташуда аз рӯдхона бознашр шудаанд. Яке аз наҷот ёфтагон мегӯяд марзбонони эронӣ онҳоро як шаб боздошт карданд ва фардо ҳамаро ба рӯдхона андохтанд то баргарданд.
Бемористони Ҳирот эълом карда, ки ҷасади шаш тан аз ғарқшудагон ба ин марказ мунтақил шудааст. Ба гуфтаи пизишк аршади бемористони Ҳирот, онҳо аҳоли вилояти Ҳирот ва Форёб буданд ва мехостанд барои кор ба Эрон бираванд.
Масъулони вилояти Ҳирот дар рад ё таъйид ин иддао чизе нагуфтаанд. Ҷилони Фарҳод, сухангӯи волии Ҳирот эълом карда, ки мавзӯъ аз тариқи маҷори дипломатик баррасӣ хоҳад шуд.
Сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонстон дар твитте бо изҳори таассур аз он чи гузашта, эълом карда, ки гузоришҳои марбутаро дарёфт карда ва дастури таҳқиқот ҳамаҷонибаро додааст.
Вазорати хориҷаи Эрон ҳанӯз вокунише дар ин замина нишон надодааст.Танҳо сарконсулгарии Эрон дар Ҳирот дар баёнияе мавзӯъро такзиб карда ва гуфта, ки маъмурони марзбонӣ, муҳоҷирони афғонро боздошт накардаанд. Хабаргузории Форс бо нақли ин баёния менависад: “Сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот ба сурати мустамар бо Аминуллоҳ Озодонӣ намояндаи вазорати хориҷаи Афғонистон дар Ҳирот ва Ҷобир Ансор сарконсули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Машҳад мавзӯъро дар даст баррасӣ дошта ва ҳар гуна таҳаввул ва иттилооти ҷадид бо онҳо мубодила хоҳад шуд.”
Форс дар такзиби он чь гузашт, ба нақл аз пизишки аршади бемористони Ҳирот навиштааст: “Баррасиҳои пизишкии қонунӣ нишон дод, ки ин афрод мавриди зарб ва шатм қарор нагирифта ва ҳатто ҷой гулӯла дар бадани онҳо нест ва ин афрод танҳо дар об ғарқ шудаанд.”
Сообщение ПАЁМ.net.