Тибқи додаҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали имсол ба кишвар беш аз 21 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 7 млн долларро ворид шудааст. ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта наздики 2 ҳазор тонна, ё иёда аз 8% камтар гузориш мешавад.
Ҳамчунин қимати орд поин рафта, нархи мингини ҳар тоннаи он 335 долларро ташкил додааст. Гуфта мешавад коҳиши нархи орди воридотӣ ба поин рафтани арзиши он дар Қазоқистон рабт дорад.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон қимати орд дар бозорҳои кишвар дар моҳҳои май – июн ба 200 то 255 сомониро ташкил дода, коҳишёби нархи он нисбат ба аввали сол аз 12 то 23% будааст.
Барои муқоиса оварда шудааст, ки нархи як халта орд дар моҳҳои январ-феврал то ба 260 то 290 сомонӣ дар моҳҳои март-апрел аз 230 то 265 будаст.
Мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки ба воридоти орд дар ҷумҳурӣ 25 субъект машғуланд, ки ин нишондод дар соли 2020 ба 50 субъект баробар буд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манобеъи “Паём” ҳамаи ин субъектҳо барои воридоти орд аз ҳар тоннаи он ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, ки воридот ва фурӯши орд дар кишварро монополия кардааст, ришва пардохт мекунанд.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 93,5% ба Қазоқистон ва 6,5% ба Русия рост меояд.