Сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов бар ин назар аст, ки пас аз CОVID-19 ҷаҳон ҷиддан тағйир меёбад. Пандемияи коронавирус ҳамаи одатҳои иҷтимоии одамонро сар аз риояи истеъмоли ғизои парҳезӣ то парвозҳои байнулмилалӣ тағйир медиҳад.
Сиёсатшинос зимни сӯҳбаташ бо хабаргузории Азия плюс гуфтааст, мафҳуми нави “масофагирии иҷтимоӣ” тадриҷан аз муносибатҳои шахсӣ ба робитаҳои байнидавлатӣ мегузарад.
Ин сиёсатшинос таъкид кардааст, ки “Рӯйдодҳои воқеӣ гувоҳи онанд, ки давлатҳои як иттиҳоди минтақавӣ ба кумаки саривақтӣ ба ҳамсояҳои осебдида шитоб надошта, абарқудратони ҷаҳон – ИМА ва Чин ба ҷойи муттаҳидсозии талошҳо баҳри муборизаи глобалӣ бо ин пандемия, ба гунаҳкор кардани ҳамдигар машғуланд. Дар ҷараёни конфронсҳои видеоӣ заифии сохторҳои СММ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ошкор шуд, ки дар мубориза бо ин мушкили сартосарӣ ба фаъолият дар ҷаҳони виртуалӣ маҷбуранд”.
Коршинос мутмаин аст, нишондиҳандаҳои манфии афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар саросари дунё, ки талафоти имконпазир бо рақамҳои ҳангуфт арзёбӣ мешаванд, имкони хушбиниро нисбат ба давраи баъди пандемия коҳиш медиҳанд.
Мадазимов қайд карда, ки “агар дар моҳҳои гарми тобистон хуруҷи беморӣ хотима наёбад, тирамоҳи имсол моро мавҷи дуюми оммавии пандемияи коронавирус мунтазир аст”.
“Сиёсатшинос ба ин бовар аст,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сарони кишварҳо барои роҳандозӣ кардани муборизаи муштарак бар зидди ин “вабои асри XXI”, аз ҷумла таҳияи ваксина, истеҳсоли оммавӣ, ба ҳамаи гӯшаву канори дунё расонидани он ва эмгузаронии сартосарӣ ҳамагӣ 100-150 рӯз вақт доранд”.
Ба гуфтаи Маамадазимов, “пандемия возеҳу аён нишон дод, ки сарфи назар аз дастовардҳои гуногуни илмиву техникӣ бо шумули зеҳни сунъӣ, инсон то ҳол як қисми ҷудонашавандаи табиат боқӣ мемонад, ки набояд нисбат ба он озмоишҳои бераҳмона гузаронад, балки қонунҳояшро риоя бикунад”.
Сообщение ПАЁМ.net.