Рубрики Хабарҳо

Сардухтури беморхонаи вилоятии Суғд барои ҷавоб надодани беморон сабукдӯш шуд

Сардухтури беморхонаи вилоятии Суғд ба хотири розӣ нашуданаш ба амри мақомот аз мақомаш сабукдӯш шудааст. Сабукдушкунии сардухтур рӯзи шанбеи 2-юми май сурат гирифтааст ва  ҳоло ба ҷойи ӯ Баҳодур Муъминовро таъин кардаанд, ки то ин дам сардухтури бемористони касалиҳои сироятӣ дар Хуҷанд буд.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд ва раҳбари ситоди мубориза бо COVID-19 дар вилоят гу дар ин бора изҳори бехабарӣ кардааст.

 Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаш навиштааст, сабаби сабукдӯш шудани Собирҷон Собиров, сардухтури беморхонаи вилоятии Суғд  ин будааст, ки мақомот ба Собиров дастур додаанд, пеш аз омадани намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба ин бемористон, маризонро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳад, вале Собирҷон Собиров ин талаби мақомоти вилоти Суғдро рад кардааст.

«Собиров гуфтааст, наметавонад ҳамчун табиб беморонро аз беморхона ронад. Агар хоҳанд, вазифаашро гиранд. Ночор аризаи аз кор рафтанро навиштааст. Мақомот бо ин роҳ ӯро аз вазифа сабукдӯш кардаанд».

Мақомоти тандурустӣ то ба ҳол сабаби сабукдӯш шудани сардухтури бемористони вилоятии Суғдро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол дирӯз 3 май як манбаъ ба радиои Паём хабар дода буд, ки масъулини беморхона гуфтаанд, омада модарашро гирифта барад. Дар  ҳоле, ки модараш бо таби баланд аз нафастангӣ шикоят дошт ва бо як ҳолу зоре сурфа мекард.

Як манбаъи дигар зимни сӯҳбат бо радиои Паём гуфт табибон ба ҷуз муроқибат ва таъмин ба рахти хоб дар беморхона ҳатто ягон ҳаб куммак намекунанд. Ҳама доруҷу дармонро наздикони муолиҷашавандагон худашон таъмин мекунанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *