Чанд талаби КШНГЗС аз ҳукумат дар робита бо зиндониён
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон санаи 2 май бо нашри баёнияе, бо нигаронӣ аз вазъият дар зиндонҳои Тоҷикистон навишт, ки вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон хеле вахим буда, ҳолати садҳо тан аз зиндониён дар хатар аст.
Дар баёния омадааст, бар асоси иттилоъоти мухталифе, ки мустақим ва ғайри мустақим ба Кумита мерасанд, садҳо нафар аз зиндониён ба коронавирус гирифтор шудаанд ва вазъияти саломатии аксари онҳо вахим арзёбӣ мешавад.
Гуфта шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди ҳамагир шудани коронавирус, мутаассифона то кунун вуҷуди онро дар зиндонҳо расман эътироф накарда, тамоми зиндониёни сироят шударо мубталоёни «зуком» ва ё «илтиҳоби шуш» унвон мекунад. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон менависад, “ҳукумат аз ин тариқ зиндонҳоро низ ба мисли шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба маркази шуйуъи коронавирус дар Тоҷикистон табдил додан мехоҳад”.
Кумита таъкид мекунад, ки дар шароити феълӣ бояд ҳар лаҳза ғанимат дониста шавад. “Бо анҷоми тадбирҳои хуб, аз ҷумла тибқи меъёрҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ камтар кардани теъдоди инсонҳо дар маконҳои пуродам, ба мисли зиндонҳо метавонад ҷони ҳазорҳо инсонро аз хатари ин ва дигар бемориҳои сироятӣ наҷот диҳад”. — таъкид шудааст дар баёния.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ташхиси пурраи зиндониён новобаста аз бемор будан ё бемор набуданашон вобаста ба коронавирус аз тарафи мутахасисони беғарази тиббӣ, ва бо ҳузури намояндагони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин ба шахсони мабталои коронавирус аз дигар афроди солим дар ҷойҳои алоҳида ва ё дар муассисахои тиббии ғайри низоми Вазорати Адлия ҷой ҷудо карда шавад.
Инчунин пешниҳод шудааст, ки маҳдудиятҳои суҳбатҳои телефонии зиндониён бо хонаводаҳояшон дар шароити кунунӣ пурра бардошта шавад. Бар асоси меъёрҳои инсондӯстӣ беморони шадидро барои табобат ба манзили истикоматиашон рухсат диҳанд, то рӯзҳои поёнии умрашонро дар назди аҳли байташон гузаронанд;
Кумита талаб кардааст, ки Ҳукумат фавран теъдоди мутахассисони соҳаи тиббро дар тамоми зиндонҳо зиёдтар кунад, то тавонанд саривақт ба кумаки беморон бирасанд. Дар ниҳояти баёния Кумита хостааст, ҳукумат тамоми зиндонҳои кишварро пурра бо доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ва хӯрока аз ҳисоби буҷети кишвар таъмин кунад.
Сообщение ПАЁМ.net.