Рубрики Хабарҳо

Латукуби як муҳоҷири тоҷик аз ҷониби миллатгароёни рус (навор)

Ба Пойгоҳи таҳлилӣ хабарии Паём тавассути паёмрасони Имо наворе дастрас шуд, ки дар он аз ҷониби шахсони номаълум, ки бо забони русӣ бо лаҳни тунди кучагӣ ҳарф мезананд, як нафар латукуб мешавад. Ҳангоми латукуби бераҳмона, аз латукубшаванда чандин бор ба такрор пурсида мешавад, ки аз кадом миллат аст. Ниҳоят марди латукубшудаистода, худашро тоҷик муаррифӣ мекунад. Озордиҳандагон баъди худашро тоҷик муаррифӣ кардани ин мард, баробари латукуб ба дашноми миллати тоҷик мегузаранд. 

Тавре дар навор дида мешавад, озордиҳандагон чандин бор ба бадани ин тоҷик корд мезананд ва ҳатто хуни дар корд олудашударо намоишкорона ба дурбини наворбардорӣ нишон медиҳанд. Дар навор ҳатто овози занон шунида мешавад, ки мегӯянд, чаро инҷо меомадӣ, аз хонаат набаромада менишастӣ, ба ин ҳол гирифтор намешудӣ. 

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби сокинони таҳҷоӣ ва хусусан тоссарҳо латукуб мешавад ва ҳатто ба қатл расонида мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *