Рубрики Хабарҳо

Фаронса: идҳои масеҳиву яҳудӣ иҷоза, иди мусалмонон мамнӯъ

Рӯзномаи маъруфи Фаронса “Либеросюн” навиштааст, ки ҳукумати кишвар дар масалаи шаъоири динӣ табъез эҷод дорад. Ин амр миёни мусалмонони кишвар ғавғоҳоеро эҷод кардааст. Хоссатан ҳангоме, ки ончи ба мусалмонон иртибот мегирад аз он бо ваҷҳе дурӣ ва фосилаи шохису назаррасе эҷод мекунанд.

Сарвазири Фаронса дар изҳороти охири худ дар мавриди муносибот ва идҳои динӣ гуфтааст, бо вуҷуди то 2 июн идома кардани карантин истисноан 29 уми май, ки иди муҳимми яҳудӣ ва масеҳӣ мебошад барои пайравони ин ду дин иҷозат аст, то идҳои худро ҷашн гиранд. Аммо ҳеҷ таваҷҷуҳе ба иди “Фитр” накардааст, ки эҳтимолан рӯзи 24 уми май баргузор мегардад ва ҳамаги чанд рӯз фосила аз ин ду иди яҳудиён ва масеҳиён дорад.

Дар ин робита раиси масҷиди марказӣ ё кабири Порис шайх Шамсиддин Ҳофиз гуфтааст: “амалкарди ҳукумати кишвар табъиз ва ҷудокунӣ миёни динҳо мебошад. Чӣ гуна қабл аз интиҳои карантин барои пайравони ду дин иҷозати баргузории идҳояшонро медиҳанд ва барои мо мусалмонон онро нодида мегиранду ҳатто чизе намегӯянд”

Пас аз содир шудани ин қарор мусалмонони Фаронса хеле нороҳатанд ва мегӯянд, ки худро шаҳрвандони комилҳуқуқи ин давлат эҳсос намекунанд. Суол мегузоранд, ки чаро ба яҳудӣ ва масеҳӣ карантинро нақз мекунанд вале барои мусалмон не. Агар иҷозат надиҳед пас барои онҳо ҳам надиҳед ва миёни динҳо табъез эҷод накунед.

Пас аз ин қарори сарвазир мусалмонон эълон карданд, ки ин қарор ба нафъи давлат набуда  ва инчунин барои пешгирӣ аз  коруно ҳам иттихоз нашудааст, ин қарор танҳо табъизи динӣ ва ҷудосозии мусалмонон аз ду дини дигар аст. Ва гуфтанд ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Рӯзномаи “Либеросюн” дар идома навиштааст, ки раисҷумҳур Эмануел Макрон дар изҳороти худ ба намояндагони ҳама адён ва дунявиҳои бе дини кишвар тавассути сӯҳбати онлайнӣ ошкоро эълон карда буд, ки ҳама муносибот ва идҳои динӣ ва ғайри динӣ, то 2 уми июн дар тамоми Фаронса лағв ва баргузориашон мамнӯъ аст.

Инчунин доираҳои калисои католикӣ талаб кардаанд, ки аввалин марҳалаи карантин рӯзи 11 май ба интиҳо мерасад ва дуввумаш 16 ва 17 май пас аз таътилот ҳамаро озод кунед,то тавонем маросими диниямонро озодона анҷом диҳем.

Тибқи иттилоъ аз доираҳои наздик ба раиси масҷиди кабири Порис шайх Шамсиддин Ҳофиз ӯ рӯзи душанбе бегоҳ  бо вазири корҳои дохила Кристуф Костонр мулоқот доштааст. Ба Шамсиддин Ҳофиз гуфта шудааст, ки то рӯзи 2 уми июн ҳама маросимҳои динӣ ва идҳо мавқуф гузошта шавад ва ҳеҷ таҷамӯъе набояд сурат гирад.

Абдуллоҳ Зикрӣ раиси ситоди мубориза алайҳи исломбадбинон ва узви Маҷлиси исломии давлати Фаронса гуфтааст: “ман муътақидам, ки ҳукумати Фаронса зери фишор қарор дорад ва набояд зери ҳеҷ шароите иҷозат диҳад, ки то 2 июн масоҷидро боз кунанд. Инчунин дар мавриди иди саъиди фитр ҳукумати Фаронса ба карантини қабулшуда побарҷо монад. Мусалмонон худашон набояд ба масоҷид ва таҷамуъот бираванд ва худ ва наздиконашонро зери хатарҳо қарор диҳанд”.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *