Рубрики Хабарҳо

Додситонӣ таҳдид кард овозапаҳнкунҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз муҷозот шудани шахсоне, ки дар ҷумҳурӣ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанду ҳангома месозанд, ҳушдор дод.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ медиҳад, вобаста ба масъалаҳои паҳншавии овозаҳои бардӯрӯғу ҳангомаҳо атрофи вазъи мубориза бо пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Дар изҳороти матбуотии Прокуратураи генералӣ таъкид шудааст, ки “дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад”.

Ҳамчунин гуфта мешавад, овозаҳои зиёд шудани ҳодисаҳои фавт аз CОVID-19, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ асоси воқеӣ надоранд.

Аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки дар ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, дучор шудан ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин кардани маҳсулоти доруворӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунанд.

Таъкид мешавад, ки ҳамаи арзу шикоят ва пешниҳодоти худро шаҳрвандон тариқи телефони боварии 235-11-11, ки шабонарӯзӣ фаъол аст, баён карда метавонанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *