Рубрики Хабарҳо

Перфилиева: бигзоред мо кор кунем

Раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон, ки аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба пинҳон кардани маълумот дар бораи вируси коруно муттаҳам мешавад, овозаҳо дар бораи истеъфо ё тарки вазифа карданашро шарҳ дод

Хонум Галина Перфилева дар мусоҳибааш бо Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ӯ ба таври муваққат дар ин мавқеият қарор дошт, аз ин хотир, аз вазифа барканор намешавад.

“Муддати мадидест, ки дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт (WHO) бознишаста шудаам. Қарордоди ман ҳам ба охир мерасад. WHO талош мекунад то як фарди ҷойгузин вуҷуд дошта бошад, аммо ҳоло чизе дақиқ нест. Ман аз шумо илтимос мекунам, бигузоред мо кор кунем, бо ҳам кор кунем. Ва акнун муҳиммтарин чиз кори маъмурият (миссия) аст ва на мавориде, ки шумо фавран бояд бидонед”, — гуфтааст хонум Галина Перфилева.

Галина Перфилиева дар соли 1978 доктории пизишкиро аз Донишгоҳи давлатии тибии шаҳри Мински Белорус дарёфт кардааст. Пас аз он, ӯ дар соҳаи тандурустии умумӣ ва мудирият омӯзиш дид.

Вай соли 1991 барои пешгомӣ дар умури мудирияти тандурустӣ идрори Келлогаро ба даст овард.

Хонум Перфилиева беш аз 25 сол аст, ки дар замина манобеъи инсонии соҳаи тандурустӣ фаъолият мекунад. Ӯ ба унвони мудири маркази ҳамкории Созмони ҷаҳонии беҳдошт (WHO) дар умури парасторӣ дар Русия ва мушовири созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият доштааст.

Вай дар соли 2003 ба дафтари минтақаии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҷаҳонӣ пайвастааст. Чанд соли ахир намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон аст.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон 30 апрел аввалин мавориди ин бемориро дар кишвар эътироф кард. Ҳамон рӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин иттилоотро таъйид намуд.

То он замон хонум Перфилиева дар қатори мақомоти Тоҷикистон ба адами вуҷуди вируси коруно пофишорӣ мекард.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *