Раисҷумҳури Амрико буҳрони коруноро рухдоди бадтар аз ҳодисаи 11 сентябр ва ҳамла ба “Перл Ҳарбор” тавсиф кард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тайи як нишасти хабарӣ дар Кохи сафед изҳор дошт: Буҳрони коруно бадтар аз моҷарои Перл Ҳарбар аст. Бадтар аз ҳамла ба маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк дар 11 сентябри 2001 аст. Чунин буҳроне ҳаргиз набояд иттифоқ меафтод.
Вай бо ишора ба ин ки мӯътақид аст рӯзе COVID-19 комилан аз байн хоҳад рафт, гуфт: Бадтарин ҳамла дар таърихи кишвармонро таҷриба мекунем.
Трамп ҳамчунин дар хусуси тасмими ахираш мабнӣ бар инҳилоли коргурӯҳи вежаи Кохи сафед барои муқобила бо вируси коруно гуфт: Фикр мекардам ба зудӣ метавонем ин тимро мунҳал кунем вале намедонистем, ки ин коргурӯҳ маҳбуб шудааст. Аъзои ҷадиде ба ин коргурӯҳ изофа хоҳад шуд.
Трамп ҳамчунин тасреҳ кард, ки ин эҳтимоли вуҷуд дорад, ки афроди бештаре дар асари коҳиши маҳдудиятҳо фавт кунанд. Мадорис низ бояд кушоиш ёбанд аммо бояд муроқиби муаллимони болои 60 сол бошем. Мо наметавонем солҳо кишварамонро бубандем. Наметавон бо чунин вазъияте барои муддати тӯлони боқӣ монд.
Вай таъкид кард, ки “умедворам теъдоди бештаре аз мардум фавт накунанд, аммо ин эҳтимол вуҷуд дорад”.
Сообщение ПАЁМ.net.