11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Озода Раҳмон то ҳанӯз дар ҷои кораш пайдо нашудааст

Духтари раисҷумҳур ва ҳамзамон раиси Дастгоҳи иҷроияи ӯ Озода Раҳмон як моҳи охир дар ҷои кораш дида намешавад. Ҳуҷҷатҳоро ба ҷои ӯ муовинаш Аҳтам Абдуллозода имзо мекунад.

Манбаъи Паём иттилоъ дод, ки дар ду ҳафтаи охир Озода Раҳмон ягон маротиба ба ҷои кораш ҳозир нашудааст ва ғайри Абдуллозода ҳеҷ касе бо ӯ тамос надорад. Он ҳам аз ҳарфҳои Абдуллозода кӣ гоҳе аз «раиса» иҷтибос меораду амрҳои ӯро мерасонад.

Қаблан ҳамин манбаъ хабар дода буд, ки аз 10 то 24 апрел раиси Дастгоҳи раисҷумҳур ҳамагӣ 1 маротиба дар ҷои кораш дида шудааст. 

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва аксари вазирону мансабдорони баландпояву миёна аз нимаи моҳи апрел худро карантина карда, дар ҷойҳои корашон ҳузур надоранд.  

Он замон манбаъ гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паноҳгоҳе дар зодгоҳаш — ноҳияи Данғара пинҳон шудааст. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *