Categories Хабарҳо

Зинаи савуми додгоҳ ҳам ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошт

Додгоҳи марҳалаи назоратии шаҳри Душанбе ҳам ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ин рӯзноманигор хабар медиҳад.

Абдулоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябри соли гузашта бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гунаҳкор ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардида буд.

Қаблан, додгоҳи марҳалаи кассатсионии шаҳри Душанбе ҳам ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро нисбати ин рӯзноманигори тоҷик бетағйир гузошта буд.

Дилафрӯз Самадова гуфта, ки мурофиаи марҳалаи назоратӣ рӯзи 14-уми июли соли равон баргузор гардид ва талаби онҳо ин буд, ки ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ бекор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ қатъ гардад.

“Дар шикояти назоратии пешниҳодшуда як қатор далелҳо, аз ҷумла хулосаҳои ташхис, ки асос барои қабул кардани ҳукми айборкунанда нисбати Ғурбатов А. (Абдуллоҳ Ғурбатӣ-аз идора) гашта буд, манзур карда шуд. Ин хулосаҳо бо вайрон намудани қонуни мурофиавӣ ва қонуни соҳавӣ дар бораи экспертизаҳои судии давлатӣ ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шуда буданд. Ба суди марҳилаи якум зарур буд, ин хулосаҳоро тибқи талаботи моддаи 88.1 Кодеки мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон далели ғайриқобили қабул эътироф намуда, ба асоси айбдоркунии Ғурбатов А. истифода набарад”, — гуфтааст Дилафрӯз Самадова.

Ӯ гуфта, вале додгоҳи марҳилаи назоратӣ ваҷҳои пешниҳодкардаи онҳоро рад кардааст.

Ин вакили дифоъ афзуд, нақша доранд, бо шикояти назоратӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст, “дар ҳолати қонеъ нашудани шикояти назоратӣ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон нақша доранд, ки аз механизми байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон истифода карда, ба Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат  кунанд”.

Ӯ афзуд, барои исботи бегуноҳии шавҳараш ва бекор кардани ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур то охирин зинаҳои судӣ шикоят мекунанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *