Табрик ба ид ва хомӯшӣ аз марги шаҳрвандон. Раҳмон дар ТВ зуҳур кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз наздик ба як моҳи ғайб заданаш аз расонаҳои давлатӣ ва хомӯшиаш дар баробари вируси ҳамагир, дар экрани телевизионҳо пайдо шуд ва… мардуми кишварро ба Рӯзи Ғалабаи нерӯҳои Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар 75 соли қабл табрик гуфт. Мардумеро, ки вориди ҷанги шадиди наве шудааст ва ҳар рӯз даҳҳо қурбонӣ медиҳад. Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон ҳеҷ изҳори тасаллие ба хонаводаҳои ҷонбохтагон ва гирифторон накард.
Дар ҳоле, ки расонаҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз суолҳое ҳастанд, ки чаро дар ин рӯзҳои вазнин раисҷумҳур пинҳон шудаасту назди мардум намебарояд ва бо онҳо нест, аввалин ҷумлаи хитоби Эмомалӣ Раҳмон баъди як моҳи нопадидиаш ба мардуми кишвараш ин буд: Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ — 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд
Раисҷумҳур мардумеро, ки беш аз як моҳ аст бо кушандатарин душмани 70 соли охир дастбагиребон аст ва ҳар рӯз даҳҳо қурбонӣ медиҳад бо ғалабае, ки 75 сол қабл рух дода буд табрик кард: Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам.
Дар ҳоле, ки ҳазорҳо табиби кишвар имрӯз бо душмани қаттоле дар набарданд ва ҳади ақал даҳ нафарашон ба шаҳодат расидаанд, ҳазорҳо нафар чӣ дар назди беморхонаҳо ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз онҳо қадрдонӣ мекунанду қаҳрамонашон медонанд, Раҳмон аз қаҳрамонии 80 соли қабл ёдоварӣ кард: Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм таҷлил менамоянд.
Дар ҳоле, ки ҳазорҳо марду зан, кӯҳансолу кӯдак барои мубориза бо вируси кушандаи коруно ба по хестаанд, дар паҳлӯи табибонанд, ба онҳо хӯроку либосу ниқоб мебаранд, ба фондҳои мубориза бо коруно охирин пулҳои худро хайр мекунанд, раисҷумҳури Тоҷикистон ба қаҳрамонони се насл қабл таҳсин гуфт: Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.
Дар ҳоле, ки набарди беш аз якмоҳаи мардуми кишвар бо вирус, ки ба назар мерасад тоза ҳам шурӯъ шудааст, садҳо оила бинобар марги ноноварашон аз вируси коруно чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон бесаробон монданд, Эмомалӣ Раҳмон аз кӯмаку ғамхории ҳукуматаш ба ҷабрдидагони ҷанги 80 соли қабл ҳарф зад: Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.
Албатта дар нимаи дуввуми суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи коруно ҳам пардохт. Аммо дар нимаи дуввумаш ва дар ҳошияи табрикаш ба муносибаи пирӯзии артиши Шӯравӣ дар 80 соли қабл. Ва кӯтоҳу хушку бидуни эҳсосот. Ба назар мерасид, ки Раҳмон на дар бораи шуйӯъи вируси кушанда дар кишвари худаш, балки дар кишвари дигаре ҳарф мезанад.
Ба ҳеҷ чонбохтае дар ин набарди кушанда изҳори таслият накард. Ҳатто ба хонаводаҳои табибони кушташуда ва кормандони давлатӣ. Табибонро қаҳрамон нахонд (зеро Тоҷикистон танҳо як қаҳрамон дорад), танҳо дар ҳошияи як иттилоъаш ба онҳо ташаккури сарду хушке гуфт: Табибон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо сипосу миннатдорӣ баён мекунам.
Дар ҳоле, ки худаш як моҳ аст аз назарҳо ғоиб аст, на танҳо дар беморхонае, ҳатто дар ҷаласаи Ситоди мубориза бо коруно ҳузур пайдо накардааст ва дар як моҳ ЯГОН маротиба дида нашудааст мардумро ба сабр, нотарсӣ ва бо ҳам будан даъват кард: Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.
Камтарин ишорае ба иштибоҳи ҷашнгирии Наврӯз, эълон накардани карантин, беш аз як моҳ эътироф накардани вуҷуди вирус набуд. Баръакс аз иқдомоти худашу ҳукуматаш тавсиф кард: Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд. Дар натиҷа мо чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кардем.
Ва даъвое кард, ки ба ҳеҷ мантиқе рост намеояд: Вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд.
Шарҳ надод, ки вақте тамоми сарҳадҳо бастаанд, рафтуомад бо хориҷ вуҷуд надорад, вирус аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шудаву дар тамоми кишвар паҳн шудааст ва имрӯз ноҳияе боқӣ намондааст, ки вирус вуҷуд надошта бошад.
Бо ҳамин сӯҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон “пешвои миллат” дар бораи коруно хотима ёфт.
Сипас ӯ ба вазъи иқтисодӣ пардохт ва гуфт, ки мардум бояд кор кунанд: мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худамонро самараноку оқилона истифода карда, барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ кӯшиш намоем. Хотирнишон месозам, ки агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд.
Яъне ҳеҷ карантине дар назар нест.
Мисли одати ҳамешагиаш соҳибкоронро ба хайру саховат даъват кард: Умедворам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номуси мо ва дигар шахсони ватандӯсту саховатпеша мисли ҳарвақта пешсафу намуна хоҳанд буд. Ҳамчунин, мо бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем.
Ва даъво кард, ки дар хидмати мардум аст: Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам.
Аммо шарҳ надод, ки чаро беш аз як моҳ аст дар ҳеҷ куҷое дида намешавад
Бо ҳамин мавзӯъи ҳошиявии раисҷумҳури Тоҷикистон тамом шуд ва ӯ ба мавзӯъи асосиаш баргашт: Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори 75 — умин солгарди ғалаба бар фашизм самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар саломатии бардавом, умри бобаракат ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Ҳафтоду панҷумин солгарди Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
Сообщение ПАЁМ.net.