Рубрики Хабарҳо

Ҳиммати тоҷири бадахшӣ, номаи парастор, гирифтории даҳҳо мансабдор. Хроникаи коруно 08.05

Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмонро . Ӯ ба муносибати 75 солагии пирӯзии артиши Шӯравӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро табрик гуфт. Эмомалӣ Раҳмон, к як моҳи охир дида намешуд, аз мардуми кишвар даъват кард, ки дар ин рӯзҳои сахт канори ҳам бошанд.

“Азия Плюс” Тоҷири муқими шаҳри Хоруғ Мабатшо Бахтибеков меҳмонхонаи худро бо номи “Зафар” барои бистарӣ кардани беморон ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ пешниҳод кард. “Табибони Хоруғ мисли ҳамтоёнашон дар саросари дунё имрӯз бо беморӣ мубориза доранд. Меҳмонхона паҳлӯи беморхона ҷойгир буда, ман ба хулоса омадам, ки Худо накарда, агар дар беморхона ҷой нарасад, бистарӣ кардани беморон дар ин ҷо қулай аст”, — гуфтааст тоҷир.

“Радиои Озодӣ” назари чанд коршинос дар бораи сабаби то ҳол карантин эълон нашудан дар Тоҷикистонро . Коршиносон гуфтаанд дар муқовимат бо коронавируси COVID-19 мақомоти Тоҷикистон талош доранд, обрӯи худро ҳифз кунанд ва ба иқтисод осеби сахт нарасонанд. Ҳамчунин радио чанд суолеро хотиррасон карда, ки мақомот то ҳаол ба он посух нагуфтаанд.

“Паём” ба баррасии паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон пардохта, , ки дар сахттарин даврон барои мардуми кишвараш раисҷумҳури Тоҷикистон на танҳо як моҳи охир нопадид буд, балки ҳеҷ изҳори тасаллие ба хонаводаҳои ҷонбохтагон ва гирифторон накард. Ҳамчунин ӯ на барои баррасии мушкили мардуми дучори вабо, балки барои табрики онҳо ба пирӯзие, ки 75 сол қабл ба вуқӯъ пайваста буд, дар экрани телевизион зуҳур кард.

“Ахбор” аз марги Ғаффор Идиев, маъруф ба Ғаффор-Банкир, раҳбари собиқи «Ориёнбонк”, Саъбагул Бӯриева, модари овозхон Саъдӣ Бӯризод ва Хайруллоҳи Иброҳим, саркоргардони собиқи радиои Тоҷикистон . Ғаффор Идиев то соли 2001 роҳбарии «Ориёнбонк”-ро бар ӯҳда дошт. Баъди ба раёсати бонк омадани Ҳасанд Асадуллозода, додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон, Ғаффор Идиевро бо ҷурми тахаллуфоти молиявӣ як муддат маҳкум ба зиндон карда буданд.

“Азия Плюс” Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукумат дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ фиристода шавад.Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи имрӯз бо қатора ба Душанбе оварда шуданд.

«Ховар» , ки нимаи дуюми имрӯз дар заминаи бинои навсохти Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ беморхонаи муваққатӣ барои табобати беморони гирифтори коронавирус бо 500 ҷой барои беморон ва 150 ҷой барои табибон мавриди истифода қарор дода шуд.

Табиби тоҷики муқими Русия Мирзоқул Ҳоҷиматов, ки ҳаррӯза ба корбарони фейсбук дар бораи пешгирӣ ва табобати COVID-19 машварат медиҳад ва ба суолҳои онҳо посух мегӯяд, саҳифаи махсус бо номи Тавсияҳои табиб Мирзои Ҳоҷимуҳаммад . Дар ин саҳифа тамоми машваратҳои ӯ ва маълумоти нашркардааш дар бораи вируси коруно дастрасанд.  

“Спутник” Толиб Каримов шоири халқии Тоҷикистон, ки бо тахаллуси Озарахш шеър менависад, баъд аз 22 рӯзи табобат, пас аз зуҳри 7-уми май аз бемористон рухсат шудааст. Шоир дар паём ба дӯстону ҳамкорон ва ҳаводоронаш зикр намудааст, ки худу наздиконашонро эҳтиёт кунанд. 

Шаҳрдории Душанбе эълон кард муҳлати қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси пойтахт то 31-уми май тамдид шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст.

«Азия Плюс» аз номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байналмиллалии асъор маълумот бо дархости кӯмаки кумаки молиявӣ . Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мактубаш аз 50% кам шудани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон хабар дода гуфтааст, ки “маҳдуд шудани сафарҳо ва нархи пасти нафт таъсир мерасонанд”. “Камшавии ҳаҷми интиқоли пул шояд якчанд моҳ идома ёбад, ки ба коҳиши босуръати истеъмол ва афзоиши бекорӣ, инчунин фишор болои бозори асъор оварда мерасонад”, — таъкид шудааст дар мактуб.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки чанд рӯз пеш ба ин мақом таъйин шуд, дар як мусощиааш бо Радиои Озодӣ , ки вазъи муқобила бо COVID-19-ро таҳлил мекунад ва баъдан натиҷаҳоро хоҳад гуфт. Ҷамолиддин Абдуллозода, рӯзи 5 май ба ҷойи Насим Олимзода вазири тандурустӣ таъйин шуд

“Паём” ду номаи як парасторро , ки дар он ӯ аз дуздии кӯмакҳо дар беморхонаҳо, муносибати мақомот бо табибон, вазъи бади беморон ва фирору пинҳоншавии раҳбарон аз масъулияташон қисса мекунад. “Касе парвои ин беморӣ ҳам надорад. На роҳбарон ва на худи мардум. На беморон на аҳли оилаашон ягон қоидаи карантиниро риоя намекунанд. Ин табобати хонагӣ ба наздикӣ ҳазор-ҳазор одамро гирифтор мекунад. Ана баъд балои асосӣ сар мешавад. Ҳоло ин ғунҷаҳояш аст, баъд мешукуфад” — гуфтааст парастор.

“Ахбор” Мақсуд Салиҳов, раҳбари бозори «Само”-и шаҳри Ҳисор рӯзи 8 май ба ҳудуди 500 корманди бемористони «Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва Маркази саломатии шаҳри Ҳисор 70 тонна кумакҳои ғизоӣ тақсим кардааст. Бозори «Само” дар шаҳри Ҳисорро ба Маҳмазоир (Зоир) Соҳибов, домоди калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд. Мақсуд Салиҳов хоҳарзодаи Зоир аст.

Вазорати тандурустӣ эълон кард то шоми 8 май ҳамагӣ дар муассисаҳои табобатии кишвар 4286 нафар зери назорати табибон қарор дошта, то имрўз 522 нафар ба вируси коруно гирифтор шудаанд. Ба иддаъои вазорат шумори ҷонбохтагон ҳамагӣ 4 нафарро ташкил медиҳад.

«Спутник» аз вуруди ҳашт вирусшинос ва эпидемиологҳои Ӯзбекистон, ки дар мубориза бо коронавирус таҷриба доранд, барои кӯмак ба ҳамкасбони тоҷикашон  ба Душанбе Гуфта мешавад, миёни онҳо реаниматсионист,  анестезиологҳо,  пулмонологҳо, эпидемиологҳо, мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва вирусшиносон ҳузур доранд.

“Азия Плюс” бо истинод ба мақомоти низомии кишвар , ки ҳама гуна ҷорабиниҳо ба суносибати 75 солагии пирӯзии артиши Шӯравӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон лағв шудааст. 

“Ахбор” аз даргузашти Нуриддин – бародари раиси собиқи Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз коруно ва гирифтории даҳҳо нафар мансабдор, аз ҷумла Маҳмадтоир Зокирзода раиси парлумон, додситони кул Юсуф Раҳмон, Сардори РВКД вилояти Суғд генерал Абдулло Навҷувонов, Ҷамшед Мирзоев, бародари Хуршед ва Муҳаммад Мирзоевҳо, аз дӯстони наздики шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ғайра хабар медиҳад. 

Манзура Маҳкамова, мудири гурӯҳи фейсбукии “Хуҷандро дӯст медорам” рӯйхати фавтидагон дар ин шаҳр аз вируси коруноро , ки аз 26 нафар иборатанд. Маҳкамова гуфтааст ин танҳо он рӯйхатест, ки худаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маргашон хабар ёфтааст ё ба ӯ фиристодаанд. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *