Як сокини 43 солаи ноҳияи Ашт баъди раҳо шуданаш аз боздоштгоҳ худкушӣ кардааст. Пайвандони марҳум ҳамсараш ва раиси ноҳия Зариф Мирдадоевро гунаҳкор медонанд.
Тибқи гуфтаи як пайванди ӯ, Камолиддин Исоев, сокини деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт як моҳ қабл аз болои раиси ин ноҳия Зариф Мирдадоев ба додситонии ноҳия шикоят мебарад. Вале баъди чанд рӯзи шикояташ кормандони шӯъбаи ВКД дар Ашт ӯро боздошт мекунанд.
Додгоҳи ин ноҳия ҳам Камолиддинро бо иттиҳоми авбошӣ ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум мекунад. Баъди озод шуданаш аз боздоштгоҳ Камолиидини 43 сола ва соҳиби се фарзанд даст ба худкушӣ мезанад.
Камолиддин Исоев
Саабаби шикояти ӯ аз болои раиси ноҳияи Ашт, тибқи гуфтаи манбаъ, алоқаи номашрӯъи Зариф Мирдадоев бо ҳамсараш будааст. Ҳамсари Камолиддин замоне мудири мактаби ин деҳа буда, ҳамон вақт бо раиси ноҳия иртиботи номашрӯъ барқарор кардааст.
Манбаъ гуфт, баъди бохабар шуданаш аз алоқаи номашрӯъи раиси ноҳия бо ҳамсараш ӯ ба шаробнӯшӣ оғоз карда буд вале, бо вуҷуди талаби зиёди наздиконаш Камолиддин ҳозир нашуд аз ҳамсараш ҷудо шавад.
Манбаъи Паём дар ҳукумати ноҳияи Ашт ҳам ҳодисаи худкушии Исоевро тасдиқ кард ва гуфт овоза дар бораи алоқаи номашрӯъи раиси ноҳия бо ҳамсари Исоев аз як сол қабл вуҷуд дошт, вале аз шикояти Исоев аз болои раиси ноҳия изҳори бехабарӣ кард.
Қаблан ҳам дар бораи фасоди ахлоқии раиси ноҳияи Ашт як мақолаи дусаҳифагӣ ҳам ба Паём ворид шуда буд, вале бо далели ахлоқӣ Паём аз нашри он худдорӣ кард.