Хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар сари тақсими бузургтарин корхонаҳои кишвар ба тавофуқ расидааст. Тибқи ин тавофуқ ду узви Оила ба Нерӯгоҳи обию барқии Роғун ва ширкати холдингии “Барқи тоҷик” соҳиб мешаванд.
Тибқи иттилоъи ду манбаъи Паём, бо дастури шахси раисҷумҳур, ҳукумати кишвар пешниҳодеро омода кардааст, ки ба зуди ба парлумон фиристода мешавад ва баъди интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар парлумон баррасӣ мегардад. Ин пешниҳоди “фурӯш”-и ду бузургтарин корхонаи кишвар аст — “Барқи тоҷик” ва НОБ Роғун.
Дар пешниҳод, тибқи иттилоъи манбаъи Паём омадааст, ки 75 дарсади саҳмияҳои Нерӯгоҳи обию барқии Роғун ба “ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ” фурӯхта шавад. Ҳадаф аз ин “додугирифт” “таъмини молии нерӯгоҳ ва суръат бахшидан ба сохтмони он” унвон мешавад.
Қимати ин “муомила” ҳанӯз маълум нест, вале тахмин зада мешавад, “сохтмони аср”-и кишвар, ки солҳост аз буҷаи кишвар, яъне кисаи мардум маблағгузорӣ мешавад, ба як қимати ночизе ба “ширкати ватанӣ” фурӯхта шавад.
Гуфтанист “Авесто гурӯҳ” ба Рустами Эмомалӣ таъаллуқ дорад ва ҷониби бародарон Мирзоевҳо, ки хурдии онҳо — Хуршед ҳамсинфи Рустами Эмомалӣ аст, идора мешавад. Ин ширкат тоза вориди бизнеси энергетикӣ нашудааст. Рӯзи 22 январи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авесто Гурӯҳ”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе .
Гуфта мешуд, ки се ширкати дар мазкур муддати 5 соли наздик ният доранд, лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд. Арзиши умумии лоиҳа 88 млн. долларро ташкил дода, аз ҷумла, дар доираи он беш аз 250 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ харида мешаванд.
ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” ҳам ба бародарон Мирзоевҳо (хонда шавад Рустами Эмомалӣ) таъаллуқ доранд.
“Авесто гурӯҳ” солҳои охир бо суръат рушд мекунад ва на танҳо бизнесҳои зиёдеро монополия кардааст, балки бархе аз тиҷоратҳои мутаъаллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, тағои Рустами Эмомалиро ҳам ғасб мекунад. Манобеъи Паём мегӯянд қаблан Ҳасан Асадуллозода мекӯшид ба ҷиянаш муқобилият нишон диҳад, аммо ҳоло ба тақдир тан додааст.
Ин ширкат аз мансаби Рустами Эмомалӣ сӯистифода мекунад ва салоҳиятҳои зиёде касб кардааст. Барои мисол айнан дар ҳамон рӯзи 22 январ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкати “Артел Авеста Электроникс”-ро барои 5 сол аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, ҳамчунин боҷҳои гумрукӣ озод кард. Ду рӯз қабл парлумон созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон, ҶММ “Авеста гурӯҳ” ва ширкати ӯзбекистонии “Artel Engineeringand Management” “Дар бораи бунёди корхонаи муштараки ”Артел Авеста Электроникс””-ро ба тасвиб расонда буд. Корхонаи муштараки навтаъсис бо маблағи 10 миллион доллар сохта шуда, ба истеҳсоли молҳои барқӣ, аз ҷумла чангкашак, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва обгармкунакҳо машғул хоҳад шуд.
Ҳарчанд ҳалқаи васлкунандаи оилаи Мирзоевҳо бо Рустами Эмомалӣ Хуршед аст, ба тиҷорат бародаронаш машғуланд.
Бародари калонии ӯ Зафар Мирзоев расман як мансабаки оддӣ — раҳбари Федерасюни шоҳмоти Тоҷикистонро ишғол кардааст. Ҳарчанд шаҳрванди Таиланд аст, ин амр на дар гирифтани вазифа ва на дар инҳисорӣ кардани як тиҷорати калон дар Тоҷикистон барояш монеъае эҷод накардааст.
Ӯ ҳамчунин молики ширкатҳои Evolet Healthcare Limited (Ҳиндустон) ва Abstragan Limited (Лондон, Бритониё) аст. Тахмин меравад, ки ин ширкатҳо низ амалан ба Рустами Эмомалӣ таъаллуқ доранд. Пулҳои бизнеси дору дар Тоҷикистон ҳам тавассути Зафар «шуста» мешаванд.
Мирзоевҳо ғайрирасмӣ кулли бизнеси дорухонаро инҳисорӣ кардаанд. Чанд ширкат, аз ҷумла Ориён-Фарм, Дӯстӣ, Мадад ба Зафар ва бародараш Ҷамшед таъаллуқ доранд. Доруфурӯшҳо муваззафанд намояндаи ин ширкатҳо бошанд ва доруро танҳо аз онҳо гиранд.
Тиҷорати онҳо бо дору тамом намешавад. Ҷамшед молики Маркази савдои Ёвар мебошад. Ҳамчунин ӯ намояндаи Хёндай дар Тоҷикистон аст.
Муҳаммад Мирзоев молики ширкати сохтмонии “Строй-сервис” ва намояндаи заводи автобусбарории Туркия «AKIA» мебошад.
Бародари дигари онҳо Илҳом Мирзоев молики ширкатҳои Abstragan Holding Limited ва Spey Medical LTD (Тоҷикистон) аст ва дар ду ширкати фавқуззикри Evolet Healthcare Limited (Ҳиндустон) ва Abstragan Limited (Лондон, Бритониё) саҳм дорад.
Моҳи августи соли гузашта “Авесто Гурӯҳ” бо ширкати Эмомалӣ Раҳмону қайчияш корхонаи истеҳсоли обҳои газнокро ба кор андохт, ки ҳоло бо суръат мавқеъи корхонаҳои дигари рақибашро танг мекунад. Моҳи октябри соли гузашта бо дастури Рустами Эмомалӣ ҳатто рекламаи Кока-кола дар телевизиони Тоҷикистон .
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ба Душанберо монополия карда ба бизнеси шахсиаш табдил додааст ва аз паи монополиякунии нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе аст.
Зоҳиран иштиҳои бузурги ӯро ин ҳама бизнесҳо қонеъ накрадаанд ва ҳоло ният дорад соҳиби бузургтарину стратегитарин корхонаи кишвар — Нерӯгоҳи обию барқии Роғун шавад.
Тибқи иттилоъи ин ду манбаъи Паём, қарор аст ширкати холдингии “Барқи тоҷик” ба домоди эркаи раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов дода шавад.
“Барқи тоҷик” қарздортарин ширкати Тоҷикистон аст, ки қарзаш наздик ба $2 млрд доллар мебошад. Тибқи пешниҳоди омодакардаи ҳукумат, қарор аст қарзи ширкати холдингии ҳоло давлатӣ ба дӯши давлат гузошта шуда, он бидуни қарз ба Шамсулло Соҳибов таслим шавад.
Дар сурати ба дӯш гирифтани қарзи “Барқи тоҷик” қарзи давлатии Тоҷикистон, ки ҳоло ба 4 миллиард доллар наздик шудааст, якбора беш аз 50% афзоиш хоҳад ёфт. Яъне 2 миллиард долларе, ки ҳоло ба нафъи Шамсулло Соҳибов бахшида мешавад, бори шонаи мардуми кишвар хоҳад шуд.
Қаблан манобеъи Паём иттилоъ дода буданд, ки бо ҳамин сенориё ширктаи ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба домоди дигари раисҷумҳур дода шудааст.
Яке аз манбаъҳо гуфт тасмими Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ бар ба Рустаму Шамсулло додани ин ду корхонаи бузург, боиси норозигии афроди дигари Оила шудааст.