Рубрики Хабарҳо

Соли хониш ду ҳафта қабл шурӯъ мешавад

Соли хониш дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 17 август оғоз мегардад.

Ду рӯз пеш аз оғози соли нави хониш, ки дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 17 август оғоз мегардад, ҳамаи нақлиёти мусофирбар дар пойтахт ба кор дароварда мешавад. Айни замон ҳамагӣ 35%-и нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунад.

Ба хабаргузории Азия Плюс Ҷумъахон Давлат, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» гуфтааст, ки  “То оғози соли хониш нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 100% ба кор сафарбар мешавад, яъне 559 автобусу троллейбус, инчунин 1 654 микроавтобус (маршрутка) ва 2629 такси ба хатсайрҳо мебароянд”.

Айни замон дар пойтахт ҳамагӣ аз 35%-и нақлиёти мусофирбар истифода мешавад: 144 автобусу троллейбус, 620 микроавтобус ва 890 такси кор карда истодаанд.

Машғулиятҳои соли нави хониш дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 17 август оғоз мегарданд.

Муҳаммадюсуф Имомзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки қарори мазкур дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии коронавирус қабул шудааст.

Муҳаммадюсуф Имомзода гуфта буд “Бар асари пандемияи коронавирус ҷадвали таҳсил каме қафо монд. Метавон гуфт, ки ин ду ҳафта як давраи мутобиқшавӣ хоҳад буд. Дар ду ҳафта мавзӯъҳои охири соли гузашта мавқуфмонда омӯхтаву такрор шуда, сипас соли нави хониш оғоз мегардад”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *