Categories Хабарҳо

Буҷети давлатӣ, “тиллошӯйӣ” ва бизнеси Оила

Аввали моҳи декабри соли 2022 парлумони Тоҷикистон қонуни буҷети кишвар барои соли 2023-ро қабул карда буд. Гуфта мешуд, ки маъмулан парлумон онро нимаи моҳи ноябр қабул мекард, вале он вақт ин корро бо таъхир анҷом дод. Сабаби таъхир маълум нест. На парлумон ва на вазорати молия дар бораи таъхири қабули лоиҳаи буҷет ҳеҷ шарҳе пешниҳод накардаанд.

Тавре вазири молияи кишвар зикр кардааст, ки қисмати даромади буҷет дар соли 2023 дар ҳаҷми 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4,1 млрд сомонӣ ё худ 12,3% зиёдтар мебошад.

На парлумон ва вазорати молияи кишвар ба таври мушаххас шарҳ надоданд, ки ин зиёдшавӣ дар ҳаҷми 4,1 млрд сомонӣ аз кадом ҳисоб таъмин карда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аввали моҳи октябр ба буҷети соли 2022 тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, ҳаҷми даромад аз 33 млрд сомонӣ то 32,6 млрд сомонӣ кам карда шуда буд.

Мақомоти кишвар шарҳ надоданд, ки бо кадом сабаб ҳаҷми даромади буҷети соли 2022 кам карда шуд. Бо вуҷуди он, ки вазорати молия гуфта буд, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷет 3,2% барзиёд иҷро шудааст, вале моҳи даҳум қисми даромади буҷет якбора 400 млн доллар, ё 1,21% кам шудааст. Тахмин меравад, ки манбаъҳои даромади буҷет якбора кам шудаанд ва барои солро бо камбудӣ ҷамъбаст накардан, вазорати молия қисми даромади буҷетро кам кардааст. 

Гуфта мешавад, ҳудуди 70%-и даромади буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи пардохти андоз ташаккул меёбад. Ҳамчунин барои рӯйпӯш кардани касри (дефисити) буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли гузашта 624,2 млн сомонӣ аз сарчашмаҳои гуногун, аз қабили хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти давлатӣ, фоида аз ширкатҳо, фурӯши векселҳо, қарзҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ, тендерҳо ва барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷетҳои маҳаллӣ таъмин шудааст.

Гуфта мешавад, ки барои соли 2023 низ касри (дефисити) буҷет пешбинӣ шудааст. “Бо назардошти мувозинати Буҷети давдатӣ касри он дар соли 2023 ба андозаи 0,8 фоиз ММД ё баробар ба маблағи 1 млрд 30 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст”, омадааст дар гузориши парлумон. 

Одатан дар кишварҳои демократӣ лоиҳаи буҷет ба таври пурра, ва ҳар тағйироте, ки ба буҷет ворид карда мешавад, хоҳ кам ва хоҳ зиёд кардани он, ба таври мушаххас дар парлумон баррасӣ мешаванд. Масъулини ин лоиҳа, дар ҳолати Тоҷикистон вазорати молия, бояд муфассал ҳар як банди даромаду хароҷоти буҷетро ба вакилони парлумон шарҳ медод, ҳар тағйироти пешбинишударо бо факту рақам асоснок мекард. Вакилони парлумон бояд бандҳои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетро муфассал таҳлил карда, камбудиҳои онро муайян мекарданд ва барои ислоҳ ба вазорати молия бармегардонданд. Ва ё, ҳадди ақал, лоиҳаи буҷетро бо тағйироту иловагиҳое, ки вакилони парлумон пешниҳод карданд, қабул мекарданд. 

Вале тавре одатан дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, лоиҳаи буҷет бе ягон баррасиву таҳлил, пурра ва бетағйир қабул шуд ва касе зид ё  ҳатто бетараф ҳам набуд. 

Касе аз вазорати молия напурсид, ки 4,1 млрд сомонӣ маблағи иловагӣ барои соли 2023 аз кадом сарчашма таъмин мешавад? Дар ҳоле, ки “аз сарчашмаҳои гуногун” соли 2022 ҳамагӣ 624,2 млн сомонӣ таъмин шудааст, 4,1 млрд сомонӣ барои соли 2023 аз куҷо ёфт мешавад?

Ягон вакили парлумон аз вазири молия напурсид, ки агар 70%-и даромади буҷети давлатии соли 2022 аз ҳисоби маблағи пардохти андоз ташаккул ёфта бошад ва “аз сарчашмаҳои гуногун” 624,2 млн сомонӣ даромад дошта бошад, ки 1,89%-ро ташкил мекунад, пас боқимонда зиёда аз 28%-и даромади буҷет аз кадом ҳисоб ташаккул ёфтааст? Дар лоиҳаи буҷети соли 2023 низ чунин ҳолат дида мешавад ё на?

Ҳеҷ вакиле савол надодааст, ки имсол касри (дефисити) буҷет аз кадом ҳисоб рӯйпӯш мешавад? Агар соли гузашта каср ба 624,2 млн доллар баробар бошад, соли 2023 он ба зиёда аз 1 млрд 30 млн сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба соли гузашта 406,8 млн сомонӣ ё 65% зиёд аст, вазорати молия ин миқдор маблағи аз нақша берунро аз куҷо пайдо мекунад?

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шудани қисми даромади бучети соли 2023-ро шарҳ дода, гуфтааст, ки “бо назардошти дар сатҳи 7,8 фоиз рушд ёфтани иқтисоди миллӣ ва дар ҳаҷми 127,3 млрд сомонӣ ташаккули дурнамои маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2023 даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад дар ҳаҷми 37,1 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст”. Ба гуфти манбаъ, “ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 4,1 млрд сомонӣ ё 12,3 фоиз зиёд мебошад ва нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 29,1 фоиз баробар гардидааст.”.

Ин шарҳи хадамоти матбуотии парлумон ба ҷои он, ки ҳолати пешомадаро шарҳ диҳад ва ба саволҳо ҷавоб пешниҳод кунад, ҳолатро боз ҳам муҷмалтар карда, боз саволҳои бештарро ба зеҳн оварддаст.

Агар иқтисоди миллӣ 7,8 дарсад рушд карда бошад, пас чаро қисми даромади буҷет 12,3 дарсад, яъне қариб ду баробар бештар афзоиш ёфтааст? Чаро таносуби рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши буҷет риоя нашудааст ва ҳарду дар як сатҳ афзоиш накардаанд? 

Буҷет ва кам шудани истеҳсоли тилло

Тавре қаблан Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ дода буд, кишвар дар 9 моҳи соли 2022 ба маблағи $421 млн сангу фулузоти гаронбаҳо содир кардааст. Зери ибораи “сангу фулузоти гаронбаҳо” мақомот асосат тиллоро дар назар доранд. Саҳми дигар фулузот ва сангҳо дар ин бахш бисёр ночиз аст. 

Яъне, дида мешавад, ки ҳам кам шудани содироти тилло ва ҳам кам шудани ҳаҷми даромади буҷети кишвар барои соли 2022 моҳи октябри соли 2022 иттифоқ афтодааст. Пас маълум мешавад, ки манбаъҳои даромади буҷет, ки якбора кам шудаанд, асосан содироти тилло будааст. Албатта, дар ин бора на ҳукумат ва на парлумон ҳарфе нагуфтаанд ва шарҳе пешниҳод накардаанд.

Чаро содироти тилло кам шудааст?

Кам шудани содироти тилло метавонад чанд сабаб дошта бошад. Сабаби аввалине, ки метавонад ҷой дошта бошад, ин аст, ки харидорон аз воридоти тиллои тоҷик даст кашидаанд, хусусан бо назардошти он ки харидори асосии тиллои тоҷик кишвари Суис (Швейстария) аст. Вале як назар кардан ба омори воридоти ин кишвар кофист нишон диҳад, ки кишвар ба миқдори 92,3 млрд доллар тилло ворид кардааст, ки нисбат ба соли 2019 32 млрд доллар бештар буддаст.

Ба назар мерасад, сабаби асосии поён рафтани содироти тиллои тоҷик кам шудани истеҳсоли тилло дар кишвар будааст. Ва инҷо чанд далеле, ки ин назарияро тасдиқ мекунад, пешниҳод мекунем:

1. Қаблан Паём бо нақл аз сомонаи тахассусии Goldomania.ru бо истинод ба Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) хабар дода буд, ки ҳаҷми умумии захираҳои тиллои Тоҷикистон аз 22,3 тон дар соли 2019 ба 8 тон дар охири соли 2021 поин омадааст. Коршиносон қайд карда буданд, ки сабаби фурӯши бесобиқаи тилло ба коҳиши чандбаробарии ирсоли пули муҳоҷирон бастагӣ дорад. Кишвар барои таъмини пулии молҳои воридотшаванда бинобар камбуди асъори хориҷӣ маҷбур ба фурӯши захираҳои тилло шудааст. Па, маълум мешавад, захираҳо ба охир расидаанд.

2. Тавре хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон 29 декабри 2022 хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат ва роҳбарони вазорату идораҳо “ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ” додаааст. Аз ҷумла супориш дода шудааст, ки “ҷиҳати дарёфи роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошуйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шавад”. Яъне, раисҷумҳур тақрибан ошкоро эътироф кардааст, ки, аз як тараф, содироти захираҳои тиллои кишвар яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷет мебошад ва аз тарафи дигар, буҷети соли 2023 дар хатари ҷиддӣ қарор дорад, зеро захираҳои тилло тамом шудаанд ва сарчашмаҳои анъанавии даромад, ба монанди андозу боҷҳои давлатӣ ва ғайраҳо дигар наметавонанд буҷетро пур кунанд. Ба назар мерасад, таҳти “сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи” “пешво”, мардум ба дарёҳову ҷӯйҳо фиристода мешаванд, то бо истифода аз “технологияҳои замонавӣ”, ба монанди белу каланд ва элаку ғалбер, “ба меҳнати фоиданоки дастӣ” машғул шаванд ва “тиллошуйӣ” кунанд. Ин нуқтаро хадамоти матбуотии “пешво” махсус қайд карда, мегӯяд: “Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки дар як давраи кутоҳ бо супориши “пешвои миллат” Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат  беш  аз 7000 нафар барои тиллошуйӣ иҷозатнома гирифта,  ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд”. 

3. Оила ва Чин аксари конҳои тиллои кишварро “хусусӣ” кардаанд. Давоми даҳ соли охир Чин аксари конҳои тиллоро ба тассарруфи худ даровардааст. Бузургтарин ширкати истеҳсоли тилло корхонаи муштараки “Зарафшон” буда, зиёда аз 70%-и тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба ин корхона  рост меояд. 30%-и саҳмияҳои ин корхона ба Тоҷикистон тааллуқ дорад ва боқимонда, яъне 70% ҳиссаи Чин мебошанд. Ин ки дар ин бизнеси бузург Оила ҳиссаи худро дорад, касе шубҳа намекунад.  Ғайр аз ин, моҳи апрели соли 2022 сохтмону таъсиси корхонаи бузурги “ҶСП Талко‐Голд” ва ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” амалӣ гардидааст. “ҶСП Талко‐Голд” корхонаи муштараки Оила ва Чин буда, ба корхонаи алюминбарории ТАЛКО марбут аст ва бо шарикии “Ҷамъияти саҳҳмоии “Ширкати саноати кӯҳкории Тибет Хуаюй”-и Чин таъсис дода шудааст. ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” бошад, корхонаи муштараки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва писари раисҷумҳур ва ширкати чинии ТВЕА (Tebian Electric Apparatus) мебошад. Ин се корхонаи бузург аксари конҳои бузурги тиллоро соҳиб шудаанд. Чаро ин қадар ширкатҳои бузург тилло истеҳол мекунанд, вале боз ҳаҷми содирот кам мекашавад? Ба назар мерасад, тиллои истеҳсолшуда рост ба Чин фиристода мешавад ва маблағи он, дар навбати худ, ба ҳисоби бонкии офшории Оила интиқол меёбад. Аз он ки ин амалиёт ба буҷет зарар мерасонад, оё касе парво дорад?

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *