Рубрики Хабарҳо

Марги афсари ВКД, ки аз исёни истаравшаниҳо фирор карда буд

Тоҳир Кукузов, як афсари собиқадори Вазорати корҳои дохила баъди гирифтории серӯза ба вируси коруно, рӯзи душанбе, 11 май даргузашт.

Сарҳанг Кукузови 61 ҳамагӣ се рӯз эҳсоси беморӣ карда, бе он ки ҳолаш вазнин шавад, ногаҳон ҷон додааст.

Тоҳир Кукузов аз афсарони собиқадори Вазорати корҳои дохила буд, аз соли 1991 ба ҳайси сардори шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Совети он замон (ҳоло Темурмалик) кор мекард. Аз калуғҳои Темурмалик аст.

Дар оилаи корманди милиса тавваллуд шуда, роҳи падарашро идома додааст. Падараш Ҷайлоб-милиса хонда мешуд. Худи Тоҳир Кукузов Академияи пулиси Маскавро бо дипломи сурх хатм карда, аз афсарони коркушта ҳисоб мешуд. 

Дар ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби Фронти халкӣ ҳимоят карда, аз дӯстони наздики Саидшо Шамолов гуфта мешавад. 

Баъди ноҳияи Совет ба ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) фиристода мешавад. Шӯриши мардуми Истаравшан дар соли 1994, ки боиси ба оташ кашидани идораи пулис ва додситонӣ гашта  буд, маҳз дар замони раҳбарии Кукузов сар зада буд. Гуфта мешавад яе аз сабабҳои исён маҳз бедодгариҳои ин сарҳанг будааст. Ӯ аз шӯришгарон ба Ӯзбекситон фирор карда, аз онҷо ба Душанбе меравад.

Ҳарфҳое дар дораи интисоби ӯ ба ноибвазирӣ дар Вазорати корҳои дохила ҳам пайдо шуда буданд, аммо хархашаи ӯ бо як корманди Додситонии кулл карйераи низомии Кукузовро ба итмом расонд. Ӯ баъди як хархаша  додситон Назаров Сафарро латукӯб кард ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд. 

Як солу чанд моҳ дар маҳбас ба сар бурд ва баъди хориҷ шуданаш бо авф ба тиҷорат машғул гардид ва муваффақ шуд. анд соли охир дар казиноҳои Саидшо Шамолов зиёд дида шудааст. 

Ҷустуҷӯи Паём нишон дод, ки Кукузов шаҳрвандии Русияро низ соҳиб буда, дар Маскав дар нишонии Дубнинская х. 20 бахши 4 ҳ. 152 ва 5-й Новоподмосковный пер., х.1, б. 3, ҳ.304 2 хона доштааст.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *