Рубрики Хабарҳо

ХБА ба ивази кӯмак хост буҷаи Тоҷикистон “қайчӣ” шавад

Хазинаи байналмиллалии асъор, ки тасмим дорад ба Тоҷикистон $189,5 млн кӯмак расонад, шарт гузоштааст, ки Тоҷикистон буҷаи соли ҷориро бозбинӣ кунад. Худи ХБА кӯмакашро барои дастгирии буҷа равон кардааст. 

“Хазина пешниҳод мекунад, ки буҷаи пешбинишуда барои соли ҷорӣ ба беш аз 3,2 млрд сомонӣ ихтисор карда шавад” — иттилоъ медиҳад Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат.

Вазорати молия нақша дошт ба буҷа 23,7 млрд сомони даромад гирад, аммо ХБА пешниҳод мекунад 20,5 млрд ба нақша гирифта шавад. Аз ҷумла пешниҳод шудааст нақшаи даромадҳо аз андоз 2,7 млрд камтар карда шавад” — гуфтааст мабаъ.

Ҳамчунин ХБА пешниҳод кардааст қисми хароҷоти буҷа низ 1,2 млрд сомонӣ ихтисор карда шавад.  

“Хароҷоти умумӣ барои соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молия дар ҳаҷми 27,9 млрд пешбинӣ шудааст. Хазина бошад пешниҳод орад ба 26,7 млрд қаноат шавад” — қайд кардааст ӯ. 

Дар Вазорати молия гуфтаанд, ки дар шароити шуйӯъи вируси коруно ва таъсири он, маҷбуранд ба ҳукумат пешниҳод намоянд буҷаи имсола бозбинӣ шавад.

“Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, то охири сол буҷаи давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ метавонад аз 2,3 млрд сомонӣ маҳрум шавад” — гуфтаанд дар вазорат. 

Тибқи иттилоъи вазорат, чун хароҷоти буҷа аз даромади он вобаста аст, тасмим гирифта шудааст хароҷоти сохтмонҳои оғознашуда ва ғайри зарурати аввал, таъмир ва хариди техника, таҷҳизот, мебел ва ғайра ихтисор гардад.

Ин гуна хароҷот дар ҳар соҳа, тибқи ҳисобҳои Вазорати молия, 10-20%-ро ташкил медиҳад. 

Гуфтанист, 6 май Хазинаи байналмиллалии асъор қарори ҷудо кардани кӯмаки 189,5 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои таъмини заруратҳои бархоста аз пандемии коруно тасвиб кард.  

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *