Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба COVID-19 мубтало шудааст. Қаблан чанд ҳолати гирифторӣ ва ҳатто марги афсарони баландпояи КДАМ расонаӣ шуда буд.
Манбаъи Паём хабар дод Шобудин Шарипов, сардори раёсати КДАМ дар Хатлон баъди гирифторӣ ба вируси коруно дар бемористони касалиҳои сироятии пойтахт воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ шудааст.
Вазъи саломатии Шарипов вазнин арзёбӣ мешавад ва ӯ айни ҳол зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад.
Қаблан Паём аз Гадоев Ҷамол, афсари баландпояи КДАМ ва Амирқул Бобоев, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе ба коруно хабар дода буд.
Ҳамчунин расонаҳои дигар аз марги сарҳанг Саидҷалол Сафаров, афсари дигари КДАМ ҳамроҳ ба ҳамсараш гузориш доданд. Гадоев 53 ва Сафаров 43 сол умр доштанд.
Гуфта мешавад Шобудин Шарипов бародари вазири собиқи ВКД Ҳомудин Шарипов аст.
Сообщение ПАЁМ.net.