Categories Хабарҳо

Зайнаб бинт Мухаммад

Зайнаб духтари ҳазрати паёмбар Муҳаммад (дуруд бар олу асҳобашон) буд. 

Баҳори сиюми ҳаёти ҳазрати паёмбар расид (дуруд бар равонашон), ки модари мӯъминон Хадича бинти Ҳувайлид ҳомили Зайнаб гардид. Қабл аз ин ҳарду фарзанди писар дида буданд, ки Қосим ном ниҳода буданду  мутаассифона аз дунё гузашт. Он ҳангом ҳам Салмо ном  зан доя буд ва ҳангоми мавлуди Зайнаб низ ӯ буд. Атрофиён дар иштиёқи донистани духтар ё писар будани тифл интизорӣ мекашиданд. Аз таърихи даврони қабл аз зуҳури дини ислом  маълум аст, ки дар замони ҷоҳилият таваллуди духтар як иснод  барои оила ҳисобида мешуд ва дафн кардани духтарон дар байни мардум зуҳуроти маъмул буд. Аммо ҳангоми ба дунё омадани Зайнаб, атрофиён аз чеҳраи нуронии тифлаки навзод,  ҳам ба ваҷд омадаву ҳам аз ҳаё сар фуруд оварда буданд. 

Нафари бар паёмбар хабар оварда, каломи пурсипосу илтифот шунид ва шодиёна гирифт. Он ҳазрат (дуруди Худо нисорашон)  бо қалби моломоли хушнудӣ ҷониби Хадича шитофтанд. Вориди хона шуда, чеҳраашон аз болидагӣ дурахшид. Модари мӯминонро бо ин ҳадяи бузурги Илоҳӣ таҳният гуфтанд. Офаридгорро ситоишкунон тифлакро ба дасти муборакашон бардоштанд ва  Зайнабаш  номиданд.  

Вақте ки Зайнаб ба синни балоғат расид, диққати наврасони Макка бар ин хонадони намуна  ҷалб мешуд, зеро дар байни қабилаҳои Макка издивоҷ кардан бо духтаре, ки ҳам ба оилаи шоиста ва ҳам шарафманд аст,  барои ашрофзодагон хеле  муҳим дониста мешуд.  Қабл аз ҳама писари Ҳола бинти Ҳувайлид Абул Ос хостгор фиристод. Абул Ос бо тиҷорат шуғл дошт ва ҷавони поку якрӯ буданашро ҳамагон медонистанд.  Падари меҳрубон барои духтари худ Абул Осро ҳамсари муносиб дониста, ризоияти худро ошкор карданд. 

Абул Ос ҳамон дар сафар буд, ки Расули Худо (дуруди Ҳақ нисорашон) нубувватро ба мардум эълон карданду даъват бар исломро оғоз бахшиданд. Ҳангоми ба Макка  баргаштан, аз Зайнаб бобати дини Ислом ва аллакай пазируфтани  Усмон ибн Аффон ва  Зубайр ибн Аввом  (Худованд аз эшон розӣ бошад) шунид. Абул Ос аз он андешид, ки мардум мепиндоранд, ки бо вуҷуди соҳиби ин қадар фазилат будан,  ба хотири мамнунии ҳамсару хусураш ислом пазируфтааст. Зайнаб бошад аз ин ҳол андӯҳгин буд, аммо дар хонаи шавҳар монду аз Худованд ҳидоят хосту хизмати шавҳарро идома дод.
Мушрикони Макка  ҳар амали баде, ки аз дасташон меомад, нисбати паёмбар раво медиданду ором намегирифтанд. Рӯзе қурайшиён боз ҳам бо мақсаде ҷамъ омаданд. Нафаре дар ин маҷлис сар бароварду гуфт:  “Шумо ба духтарони Муҳаммад талабгорӣ кардеду дардашро сабук гардонидед, ӯ акнун сар аз ғавғо бароварду сари моро дучори ғавҳо карданист ва бо иддаои  паёмбарӣ ҷониби мо зуҳур дорад.  Ҷавоби духтаронашро диҳед, то бо дарди ҳамин духтаронаш машғул бошад” 

Он замон духтарони Паёмбар (дуруди Худо бод)   Руқия ва Умм Гулсум, бо фарзандони Абу Лаҳаб, Утба ва Утайба фотеҳа шуда  буданд. Гарчанде Абу Лаҳаб амаки Расули Худо (дуруди Ҳақ нисорашон ) буд,  душмани ашаддиашон ҳам буд. Вай таклифи гӯяндаи маҷлисро қабул кард ва паймони издивоҷро  шикаст. Навбати Абул Ос омада буд. Гарчанде ки Абул Ос исломро қабул накарда бошад ҳам, нисбат ба мусулмонон аз душманӣ дур буд. Мушрикони Макка  ба ӯ ҳам  дар бораи пешниҳодҳои худ ба Утба ва Утайба нақл карданд. 

Абул Ос посухро кӯтоҳ кард :” Ман аз ҳамсарам даст намекашам.” 

Вақто ҳазрати Паёмбар (дуруд бар равонашон) ба Мадина рафта буданд, Зайнаб (Худо розӣ бошад) дар Макка монд. Чун аламҳои дилаш аз ҷабри айём меафзуд, фарзандонаш Умома ва Алиро ба оғӯш мегирифту бар таҳаммули зебое вуҷуди худро моил мекард. Рӯзҳо ҳамин зайл паси сар мешуданд. 

Рӯзгори пирӯзиҳо фаро расид.  Дар ҷанги Бадр мусулмонон ҳарчанд нисбат ба мушрикон се маротиба камтар буданд, ғалаба карданд. Ҳазрати Зайнаб аз пирӯзии мусулмонон хеле шод ва аз зинда будани шавҳараш Абул Ос бисёр мамнун буд. Вай барои наҷот ёфтани  ӯ фидя омода кард ва бародари шавҳараш  Амрро  ба Мадина фиристод. Байни ин молиёт марҷоне ҳам буд, ки дар шаби тӯйи арӯсиаш модари мӯъминон Ҳазрати Хадича инъом карда буданд. 

Ҳазрати паёмбар (дуруди Ҳақ нисорашон бод) марҷонро шинохтанду раҳм дар дилашон туғён кард ва аз саҳобагони киром пурсиданд, ки агар розӣ бошанд, шавҳари Зайнаб Абул Осро аз асорат халосӣ бахшанду зинати гардани занашро гирифта барад. Дархости он ҳазратро саҳобагони киром рад накарданд. Абул Ос озод карда ва ҷавоҳирот бар соҳибаш баргардонида шуд. 

Дар маъхазҳои таърихӣ  дар бораи ҳаёти Ҳазрати Зайнаб дар Мадина то соли шашуми ҳиҷрӣ маълумоте нест. Абул Ос корвони тиҷоратиро раҳбарӣ  карда,  аз Макка ба Сурия бурд. Расули акрам (бар равони покашон дуруд) фармуданд, ки роҳи корвон баста шавад ва касе ба осеб нарасад. Абул Ос тавонист, ки тавассути  Зайнаб бехатарии корвонашро бипурсад. Субҳ фаро расид. Ҳангоме, ки Расули Худо (дуруд бар равони покашон) намози Фаҷрро мехонданд, овозеро аз занон шуниданд, ки гуфт: «Эй мардум!  Ман Абул Ос  ибни Рабиаро бар ҳимояи худ гирифтам!» Ин овоз овози Зайнаб бинти Расулуллоҳ буд. 

Расули Худо (Дуруди Ҳақ нисорашон бод) ба саҳобагон нигаристанду гуфтанд: Оё ин овозро шунидед? Вақто тасдиқ шуд, гуфтанд: “Савганд бар Аллоҳе, ки ҷони Муҳаммад бар изни ӯст, то он даме, ки шумо шунидеду худам шунидам, хабар надоштам. Бар мусалмонон ба ҳимоя бархостани заъифа ҳам шараф  аст. 

Ҳидоят ёфтани Абул Ос

Саҳобагони киром  моли Абул Осро  баргардонданд ва ба ӯ иҷозаи рафтан  доданд. Вақте ки корвон ба Макка раҳсипор шуд, тағирот дар вуҷуди Абул Ос ҳам  оғоз ёфт. Ҳамаи он ҳаводисе, ки рӯзҳои охир аз сараш гузаштанд, ҳамаи он кирдоре, ки аз ҷониби мусалмонон нисбаташ содир шуд,  як-як пеши назар овард ва то рафт бар дини ҳақ будани ислом эътимоди комил пайдо кард ва бо тамоми вуҷудаш таслим шуд. 

Ҳангоме ки ба Макка расид, молҳоро  ба соҳибонаш  супурд ва ба мардуми сарҷамъ омадаи наздаш  гуфт: «Эй қавми Қурайш, оё аз ман қарзе мондааст?» Қурайшиён гуфтанд: «Не, Худо туро баракат диҳад, ки мо бар ту ҳақ надорем. Ту дар байни мардуми одилу шарифи мо ҳастӣ.» 

Абул Ос ҳамон гоҳ бо овози баланд гуфт: «Шаҳодат медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад  банда ва фиристодаи Ӯст.» 

Ягона сабабе, ки то расидан бар канори шумо бар ин иқдоми худ иқрор нашудам, нахостам,ки маро нафаҳмида бошед ва дар зеҳнатон нисбатам афкори хато тавлид шавад, зеро ҳанӯз моли шумо бар гардани ман буд. Дигар амонатро супоридам. 

Аз он ҷо рост ба Мадина рафт. Дилаш аз нури Ислом пур шуда буд  ва орзуи сарзамини мусулмононро мепарвард. 

Хабари мусалмон шудани Абул Ос дар кӯчаҳои Мадина паҳн мешуд.  Расули акрам (бар равонашон дуруд)  хеле шод шуданд, ки домодашон  ба эҳтироми Ислом қоил шудаааст. Ҳазрати Зайнаб (Худо розӣ бошад ) ҳатто аз хурсандии зиёд гӯё дар вуҷуди худ намеғунҷид. Дуоҳо ва илтиҷои ӯ, ки солҳои тӯлонӣ шабонгоҳон нахобида аз Худованд мепурсид, ниҳоят мустаҷоб шуда буданд. Паёмбари акрам (дуруди Ҳақ бар равонашон) бар никоҳи дубораи эшон  зарурат надиданд. 

Дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ Зайнаб (Худо розӣ бошад) бемор шуд ва пас аз муддате  вафот кард. Расули Ҳақ (дуруд бар олу асҳобашон) ин духтаре, ки хеле уқубат дидаву намунаи таҳаммули бардавуму вафои созгору ҷасорат буд, худашон бар қабр гузоштанд. 

Соимаи Саидӣ

Сообщение ПАЁМ.net.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *