Рубрики Хабарҳо

Таниш миёни ҳайати Русияву Укроин дар Анқара (Навор)

Ҳангоми суханронии Олга Тимофеева аз ҳайати Русия дар сиюмин солгарди маҷмаъи парлумонии ҳамкории иқтисодии баҳри Сиёҳ, ки дар меҳонхонае дар Анқара баргузор шуд, ҳайати Укроин иқдом ба барафроштани парчам карда ва шиор доданд. 

Котиби ҳайати Русия ба саҳна ворид шуд ва бо аз дасти намояндаи Укроин кандани парчами ин кишвар пас гашт. Намояндаи Укроин ба ӯ ҳамла кард ва бо задани чанд мушт парчамро бозпас гирифт. 

Мустафо Шентоп, раиси Маҷлиси миллии Туркия таниши эҷодшуда байни ҳайати Русияу Укроинро мудирият ва барканор кард. 

Шентоп хостори хурӯҷи ҳайате, ки назми ҷаласаро бар ҳам заданд, шуд ва изҳор дошт: ба ҳар касе, ки иҷозаи суханронӣ дода шуда ин ҷо сӯҳбат мекунад, иҷоза намедиҳам касе назму оромиши ин ҷаласаро ба ҳам бизанад, агар касе чунин қасде дорад аз ин салон хориҷ шавад. 

Раиси Маҷлиси Туркия таъкид кард: ҳамаи ширкаткунандагон вақти навбаташон шуд, метавонанд назар ва ақоиди худро матраҳ кунанд, ҳеҷ монеъае барои ин вуҷуд надорад, аммо дар сурати чунин иқдомоти мухарриб назми ҷаласа ба ҳам мехӯрад. 

Шентоп тасреҳ кард: касоне, ки хориҷ аз навбат мехоҳанд суханронӣ кунанд аз ҷаласа хориҷ шаванд. 

Ҳайати украинӣ дар тӯли суханронии Тимофеева ба шиорпартоӣ идома доданд. 

Дар тӯли суханронии Тимофеева курсии Анна Портова, раиси ҳайати укроинӣ холӣ буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *