Мақомоти Суид мегӯянд Маскав дар талош аст аз эътирозоти ахир ва қуръонсӯзии ду муҳоҷир дар Стокголм, барои эҷоди таниш байни кишварҳои арабӣ бо Ғарб истифода кунад.
Ожонси дифоъи равонии Суид, ки бахше аз вазорати дифоъи ин кишвар аст, мегӯяд, ки Русия саъй дорад аз тариқи кампинҳои иттилоотии нодуруст, ки ба забони арабӣ навишта шуда, бар наҳваи мушоҳидаи моҷарои қуръонсӯзӣ дар саросари ҷаҳон таъсир бигузорад.
Ин талош дар ҳоле анҷом мешавад, ки раванди узвияти Суид дар НАТО ҳанӯз мунтазири таъйиди ниҳоии Туркия ва Венгрия аст.
Ба гузориши ин Ожонс, шабакаҳои хабарии “Раша Тудей” ва “Спутник” маҷмӯае аз мақолотро ба забони арабӣ мунташир кардаанд ва ба дурӯғ иддао мекунанд, ки давлати Суид аз сӯзондани Қуръон ҳимоят мекунад.
Мақомоти Суид ҳамчунин мегӯянд, ки аз поёни моҳи июн, ҳудуди як миллион пост бо мӯҳтавои мушобеҳ дар ин бораро ба забони арабӣ ва соири забонҳо сабт кардаанд.
Иқдоми ду муҳоҷири ироқӣ ба номҳои Селван Момика ва Селван Наҷм ба оташ задани Қуръон дар ҷараёни эътирозоти худ, хашми кишварҳои мусулмон ва ташдиди буҳрони дипломатик байни Суид ва ин кишварҳоро дар пай доштааст.
Агарчи давлати Суид барои ҷилавгирӣ аз такрори ҳаводиси мушобеҳ таҳти фишори ҷаҳонӣ аст, аммо мегӯяд тағйири қавонини густурдаи ин кишвар дар мавзӯъи озодии баён мумкин нест.
Бинобар эъломи Микаэл Остлунд, сухангӯи Ожонси дифоъи равонии Суид, аз замоне, ки Момика ва Наҷм иқдом ба Қуръонсӯзӣ кардаанд, иттилооти нодурусти онлайн ба таври болораванда афзоиш ёфта ва дар миён касоне, ки ривоятҳои нодуруст аз ин ҳодисаро мунташир кардаанд, ҳисобҳои бисёре мутааллиқ ба давлатҳо ё исломгароёни ифротӣ будааст.
Ӯ гуфт: ”онҳо ривоятеро такрор мекунанд мабнӣ бар ин ки Суид аз сӯзондани Қуръон ҳимоят мекунад ва Суид кишваре исломҳарос ва душмани ислом аст. Русия низ аз ривоятҳои истифода мекунад, ки Суидро бад ҷилва медиҳад ва пайвастан ба НАТО-ро барои ин кишвар сахттар мекунад.”
Ӯ афзуд, ки “шабакаҳои хабарии ОРТ ва “Спутник” тайи моҳҳои июн ва июл чандин пост бо ин ривоятҳо ба забони арабӣ мунташир кардаанд” ва аз онҷое, ки онҳо каналҳои давлатӣ ҳастанд, ин нишон медиҳад, ки ин стратегия аз боло ҳидоят мешавад.
Микаэл Остлунд гуфт: “ҳама чиз тавассути Кремл таъйид шудааст, бинобар ин дастурот аз тарафи давлати Русия меояд. Ривояти онҳо аз ин моҷаро бо он чи Кремл аз онҳо мехоҳад мутобиқат дорад.”
Улф Кристерссон, нахуствазири Суид низ бо ишора ба ифои нақши бозигарони хориҷӣ дар моҷарои қуръонсӯзӣ, бегонагонро ба истифода аз ҳаводиси ин кишвар барои “интишори паёмҳои нафратангез” муттаҳам кард.
Валентина Шаповалова, донишҷуи докторант дар донишгоҳи Копенгаген низ, ки ба мутолиаи таблиғот ва иттилооти нодурусти русӣ мепардозад, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Гордиан” таъйид кард, ки дар расонаҳои русӣ, ахбори марбут ба сӯзондани Қуръон дар Суид тақрибан ҳар рӯз мунташир мешавад ва чашмпӯшӣ аз ин ахбор “сахт аст”.
Ӯ афзуд: “Русия ба шиддат дар талош аст то моҷарои қуръонсӯзиро дар ривояти таблиғотии худ биоварад ва ин идеяро густариш диҳад, ки ин кор натиҷаи густариши тафаккури Ғарб ва арзишҳои ғарбӣ ҳастанд ва Ғарб дар ҳоли завол аст.”
Дар ҳоле, ки қуръонсӯзи дар Дания низ сурат гирифта, аммо тамаркузи ахбори Русия бар ин ҳодиса дар Суид бисёр бештар будааст; Ба вижа аз замоне, ки Суид дархости узвият дар НАТО-ро ироа кардааст.
Валентина Шаповалова низ таъйид мекунад, ки Русия аз тариқи интишори мақолоти таблиғотӣ ба забони арабӣ “дар талош барои тарвиҷи таниш байни Ғарб ва мардуми кишварҳои арабзабон” аст.
Мария Брок, муҳаққиқи донишгоҳи Малму низ ба “Гордиан” мегӯяд, ки ривоятҳо ва иттилооти нодурусти русӣ дар бораи ҳаводиси Суид тавассути веблогнависон, рӯзноманигорон ва расонаҳои русӣ башиддат дар ҳоли густариш аст ва бисёре аз ин ривоятҳо низ бар густариши эҳсосоти зидди мусулмонон мутамаркиз аст.