Рубрики Хабарҳо

Ибтилои қудову мушовири Раҳмон, фоҷеъа дар Ваҳдат, гӯрҳои зиёди нав. Хроникаи коруно 15.05

“Радиои Озодӣ” баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе бо нашри наворе дар Интернет аз селофанпеч шудани чанд қабри нав дар оромгоҳҳои пойтахт нигаронӣ карданд. Онҳо тахмин заданд, ки эҳтимол ин мазори қурбониёни COVID-19 аст ва шуморааш ҳам хеле зиёд аст. Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, қабрҳои селофанпеч ба чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир рабт надорад ва танҳо бо ҳадафи муҳофизати гӯрҳо аз боду борон асту бас.

“Азия Плюс” бегоҳи 14-уми май сардухтури Беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Раҷабалӣ Почоқулов дар шуъбаи эҳёгарии дармонгоҳи марказии ноҳия вафот кард. Марги Почоқуловро сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Маҳмадӣ Давлатзода тасдиқ кардааст.

Паём номаи дигари нафақахӯр Исломиддин Садиров ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Як маоши пешво” , ки дар он ба фонди махсуси Ситоди мубориза гузаронида шудани як маоши Эмомалӣ Раҳмон, сиррӣ будани тамоми маълумот, аз ҷумла моҳонаи раисҷумҳар ва чанд мавзӯъи дигар ба баҳс кашида шудааст. 

“Ховар” гурӯҳҳои мобилии милитсияи пойтахт дар дӯкону фурӯшгоҳ ва мағозаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, инчунин дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бо шаҳрвандон суҳбатҳои профилактикӣ гузарониданд.

Сойти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим “Тартиби муносибати бехатар бо ҷасади фавтидагон аз бемории COVID-19” -ро дар асоси тавсияҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бо назардошти таълимоти динӣ . 

“Радиои Озодӣ” ба вакилони дифоъ ва намояндагони бархе додгоҳҳо навишт баъзе аз додгоҳҳои Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба хатари сирояти COVID-19 баргузории мурофиаҳоро камтар карда, бахши дигарро ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ «кӯчондаанд». Ҷое, ки гумонбарон нигаҳдорӣ мешаванд. Вале дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтаанд, ки кор ба ба таври маъмулӣ идома дорад.

“Азия Плюс” бо истинод ба сухангӯи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён , миёни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ягон далели сирояти сарбозону афсарон аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар Вазорати дифоъ итминон додаанд, ки саривақт роҳандозии чораҳои карантинӣ ба ин мусоидат кардааст. 

“Паём” дар шаҳри Ваҳдат як фоҷеъаи инсонӣ дар ҳоли суъуди босуръат аст. Рӯзе нест, ки дар ин шаҳр 6-7 нафар аз вируси коруно ҷон надиҳанд. Як табиби беморхонаи шаҳри Ваҳдат навиштааст, ки ҳанӯз охири моҳи март дар ин ноҳия 8 бемори мубтало ба вируси коруно маълум крада шуда буданд, аммо мақомоти амниятӣ бо ҳар табиб алоҳида “сӯҳбат” ороста ба онҳо ифшои ин маълумотро қатъиян манъ кардаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ ҳеҷ чораи пешгирӣ аз шуйӯъи вирус гирфита нашудааст. 

“Ховар”дар корвони иборат аз 45 мошини пурбор кумаки моддии Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд. Ба иттилоъи ин хабаргузорӣ ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ дар ҳаҷми 500 тонна маводи хӯрокворӣ бо маблағи қариб 3 миллион сомонӣ дастрас мегардад.

“Ахбор” 14 май Шералӣ Гул, қудои президенти Тоҷикистон ва собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистонро барои ташхиси коронавирус ба маркази томографияи беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе овардаанд. Сойт менависад Шералӣ Гул нотобу хаста ва камқувват ба назар мерасид. То овардани Шералӣ Гул кормандони маркази томографиро берун бароварда, бо маводи зиддиуфунӣ тамоми ҳуҷраҳои ин марказро безарар кардаанд. «Ахбор” ҳамчунин менависад  Асадулло Раҳмон, мушовири раисҷумҳур  оид ба масоили кадриро низ бо аломатҳои вируси коруно бистарӣ кардаанд. 

Дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ аст, ки муассисаҳои тиббии Хуҷанд бо 143 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) таъмин шуданд.

“Радиои Озодӣ”  дар рӯзҳое, ки бемории COVID-19 дар Тоҷикистон густариш меёбад ва табибон аз мардум мехоҳанд дар манзилашон бимонанд, кормандони идораи манзил дар шаҳри Хуҷанд хона ба хона гашта, аз мардум пардохти «қарзи манзил»-ро талаб доранд. Дар кӯбидан ва суҳбати наздик бо онҳо баъзе сокинонро аз хавфи сироят ёфтан ба вируси нави корона нигарон кардааст. Аммо мақомот мегӯянд, барои пардохти моҳонаи кормандони идораи манзил маҷбуранд, ки аз мардум пул ҷамъ кунанд.

Зафар Бурҳонзода, сарвари иҷроияи Avesto Group, ки кӯмакҳои чиниро ба ба беморхонаҳо аз номи худаш будра буд, ба “Азия Плюс” бо сабаби душвории боркашонӣ аз Чин, ҳамроҳи бори ширкат, боз молу маводи 3 ташкилоти дигар бо мошинҳои боркаш оварда шуданд, ки дар байнашон ҳамчунин кумаки башардӯстона аз номи ҳукумати Чин буд. Зимни интиқол ҳамаи қуттиҳои 4 ташкилот омехта шуд. Дар гузориш оид ба кумаки Avesto Group кумаки башардӯстона аз Чин низ ба навор афтодааст.

“Паём” бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, ки ба додарарӯси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Хайрулло Саъдуллоев таъаллуқ дорад, баъди 12 рӯзи фаъолият аз басташавии аввал, дубора дарҳояшро қулф задааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки иҷорапулӣ аз тоҷирон то охири моҳ пурра ҷамъоварӣ карда шудааст. 

“Ховар” “бо илҳом аз даъвати пешвои миллат” соҳибкор “Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандони ӯ ба зиёда аз 400 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт, ки имрӯзҳо барои табобати аҳолии ноҳия аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  хизмат намуда истодаанд, ба маблағи 500-сомонӣ ба ҳар  корманд кумаки молиявӣ расониданд”.

Вазорати тандурустӣ хабар дод, то соати 17:20 дақиқаи рӯзи 15 май дар кишвар 1118 нафар гирифтори вируси коруно ошкор гардида, аз ин беморӣ 33  нафар фавтидаанд. То имрӯз, 15 май дар кишвар 4297 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 477 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Радиои Озодӣ” бист табиби бемористони «Истиқлол» дар Душанбе, ки гирифторони COVID-19-ро муолиҷа мекарданд, бемори бистарӣ шудаанд. Сабаби гирифтории онҳо норасоии васоили муҳофизатӣ гуфта мешавад. Чанде аз кормандони бемористонҳои «Истиқлол» ва «Қарияи боло» бо ирсоли паёмҳо аз камбуди либосу васоили муҳофизатӣ, хусусан камбуди респираторҳо ё ниқобҳои махсус барои ҷилавгирӣ аз сирояти вирус шикоят карданд. Вазорати тандурустӣ гуфтааст, «ҳаракат дорад», ки табибонро бо васоили зарурии муҳофизат аз вирус таъмин кунад.

“Азия Плюс” дар як гузориши муфассале аз дастнорас будани доруҳои Арбидол, Аскорбиновая кислота, Азитромитсин, Анаферон, Атсикловир, Плаквенил, Сифтриаксон баъди боздид аз 10 дорухона ҳатто ҳароратсанҷ (градусник) пайдо карда натавонистани хабарнигоронаш . 

Шариф Раҳмизода, вакили собиқи парлумон ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба “Ховар” агар мо ду моҳ ҳамаи соҳаҳоро мебастем ва намегузоштем, ки мардум кор кунанд, тақрибан 16 млрд. сомонӣ ба иқтисодиёти давлат зарар мерасид

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *