Рубрики Хабарҳо

Қирғизистон ва Узбекистон шаҳрвандони худро аз Русия оварданд

Санаи 17 май Қирғизистон 379 шаҳрванди худро аз Маскав ба Бишкек баргардонд.

Тавре дафтари матбуотии Сафорати ҷумҳурии Қирғизистон дар Маскав дод, бо як парвози чартерӣ 116 бемори вазнин, 27 тан аз наздикони беморон, 8 маъюб, 38 нафақахӯр, 78 зани ҳомила, 77 шаҳрванд бо фарзандони ноболиғ ва 35 каси дигар, ки дар ҳостел ё хобгоҳҳои умумӣ қарор доштанд, ба Бишкек бурда шуданд.

Тибқи гузориши манбаъ бештар аз 1000 каси дигар дар навбати баргаштан ба Бишкек ҳастанд. Ин афрод ҳам аз беморон, занони ҳомила, кӯдакони ноболиғ ва пиронсолон иборатанд.

Дар Сафорати Қирғизистон дар Русия гуфтанд, ки “ҳамаи онҳо давоми моҳи май ва июн ба кишвар бурда мешаванд”.

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар медиҳад, ки сар аз охири моҳи май парвозҳои ҳафтаинаи чартерӣ байни Русия ва Қирғизистон ба роҳ монда хоҳад шуд.

Илова бар ин Пойгоҳи санаи 16 май иттилоъ дода буд, ки сафири Қирғизистон дар Русия бо муҳоҷирони қирғиз анҷом дода ваъда кард, ки ҳатман барои бозгашти нафарони дармонда ва хоҳишманди баргаштан ба Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин панҷ шаҳрванди Қирғизистон аз шаҳри Машҳади Эрон ба Бишкек оварда шуданд. Онҳоро ҳавопаймои чартерии ҳомили кумакҳои башарии Эрон ба Бишкек овард.

Гуфтанист, консули Узбекистон дар Тотористон Фариддин Насриев низ ба   иттилоъ дод, садҳо муҳоҷири Узбекистон, ки аз рӯзи 11-уми май дар марзи Русия бо Қазоқистон дармонда буданд, иҷозати баргашт ба ватанро тариқи роҳи транзитӣ дарёфт карданд. 

Насриев  гуфт, «барои интиқоли шаҳрвандони худ ба Узбекистон мо автобусҳои махсусро ташкил мекунем. Сафорати Қазоқистон дар Узбекистон низ барои интиқоли шаҳрвандони мо ба ватан нақлиёт ҷудо мекунад»

Ба гуфтаи Насриев, дар ин замина дар ҷараёни гуфтугӯҳои ҳукумати Узбекистон бо ҷониби Қазоқистон ва Русия созиш ҳосил шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки садҳо муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ва дигар кишварҳои дуру наздик ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда гуфтанд, дар фурудгоҳҳо дармондаанду сарсонанд, ҷиҳати таъмини нақлиёт хоҳ ҳавоӣ хоҳ заминӣ мусоидат кунад. Аммо то ҳол аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон чорае андешида нашудааст.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *