Вазорати Тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҷумҳурӣ ҷойҳо барои муолиҷа кофӣ буда, ҳамаи беморхонаҳо бо тамоми маводу лавозимоти зарурӣ таъминанд.
Бино ба маълумоти додаи Вазорати тандурустӣ ба айни замон дар ҷумҳурӣ дар мавриди қабул ва ҷойгиркунии беморони коронавирус мушкилу норасоӣ вуҷуд надошта, ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ ва либоси муҳофизатӣ барои табибон таъминанд.
Гуфта шудааст, ки бо вуҷуди афзоиши ҳамарӯзаи беморони коронавирус, дар мавриди норасоии кадрҳои тиббии машғул ба муолиҷаи беморони COVID-19 мушкилӣ нест. Дар сурати нарасидани кадрҳои тиббӣ, аз дигар муассисаҳо мутахассисон ҷалб мешаванд”.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳамаи муассисаҳои тибии кишвар, ки дар онҳо беморони коронавирус муолиҷа мегиранд, бо маводи зарурии тиббӣ, шароити хизматрасонӣ, либоси муҳофизатӣ, воситаҳои безараргардонӣ ва мутахассисони соҳибкасб таъминанд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз дар кишвар 42 ҳазор кати муолиҷа омода шудааст.
“Дар муассисаҳои тиббии Душанбе беш аз 5,5 ҳазор кати муолиҷа барои қабули беморони COVID-19 тайёр буда, ҳафтаи наздик боз 2 ҳазор ҷойи табобат омода мешавад”.
Ин ҳам дар ҳолест дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо наворҳое паҳн шудаанд, мошинҳои ёрии таъҷилии ҳомили беморон ба сабаби набудани ҷой ба бемористон роҳ наёфта, пушти дарвозаи бемористонҳо қатор шудаанд. Чандин наворҳои дигаре ҳам гувоҳи он аст, ки аксари муроҷиткунандагон ба бемористонҳои кишвар ба бемористон роҳ наёфтаанд. Ҳатто таваллудхонаву бемористонҳои кудаконаро ба қабули беморони гирифтори COVID-19 табдил додаанд.
Сообщение ПАЁМ.net.