Рубрики Хабарҳо

213 муҳоҷири истирдодшуда ба ватан бурда шуданд

Шаби 19 ба 20 май аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ҳавопаймои чартерии ширкати «Тоҷик Эйр» ҷасади 28 шаҳрванди тоҷики дар ду моҳи охир дар Русия фавтидаро ба Ватан бурд. Дар ҳамин парвоз ҳамчунин аз Русия ба Тоҷикистон 213 муҳоҷири тоҷикеро бурданд, ки ҳукми ихроҷашон аз Русия содир шудаву онҳо чандин моҳ боз дар боздоштгоҳи Сахарово қарор доштанд. 

Ин хабарро Каримҷон Ёров қабл аз парвози ҳавопаймо бо нашри наворе расонаӣ кард.  

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Русия қаблан гуфта буд имкон дорад муҳоҷирон ба ватан бурда шаванд. Дар навор дида мешавад, ки приставҳои Русия як гуруҳи бузурги муҳоҷирони тоҷикро қатор карда, ба тарафи нуқтаҳои сабти ном ва гумруку хатти марзи фурудгоҳи Домодедово бурда истодаанд. Муаллифи навор мегӯяд, ин муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷиканд, ки аз боздоштгоҳ овардаанд ва ба Душанбе мефиристанд.

Дар онлайн – таблои фурудгоҳи Домодедово гуфта мешавад, ки ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» соати 21:30 расид ва алакай соати 23:00 бо парвози рақами ба Душанбе бармегардад. 

Аммо дар хабар гуфта нашудааст, ки ҳавопаймои ширкати “Тоҷик-эйр ҳини парвоз аз Тоҷикистон ба Маскав чи касонеро бо худ бурдааст ва ё бидуни мусофирон то Маскав парвоз кардааст.

Қаблан ҷониби Русия ҳукумати Тоҷикистонро ба он айбдор карда буд, ки ба фарқ аз Ӯзбекистону Қирғизистон – кишварҳои дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ – бо мақомоти Русия дар мавриди ба Ватан баргардондани шаҳрвандони ихроҷшудааш ҳусни ҳамкорӣ нишон намедиҳад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *