Шиддати норозияти мардум аз амалкарди ҳукумат ва раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурро маҷбур кард пас аз як моҳи пинҳоншавӣ аз паноҳгоҳ берун омада, назди дастгоҳҳои наворбардорӣ қад алам кунад.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ногаҳон аз пинҳонгоҳаш хориҷ шуд ва ҳамроҳ бо писараш, ки ӯ ҳам дар наздик ба ду моҳ ҳамагӣ як бор ба чашм хӯрда буд, “аз фаъолияти як қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар шаҳри Душанбе шинос шуданд” (манбаъ: дафтаи матбуотии раисҷумҳур).
Ҷуръат ё тарс?
Албатта дидан кардан бо ниқоб аз иншооти навсохте, ки ҳанӯз ҳеҷ беморе дар он ҳузур надорад, рафтан ба назди бемор дар беморхона нест (чӣ гунае, ки раисҷумҳурҳои дигар мераванд), аммо барои Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ҳам қаҳрамонист. Нафаре, ки қариб ду моҳ дар паноҳгоҳ пинҳон шуда буд, ҳамин қадар ҷуръат дошта метавонад.
Албатта ҷуръат номидани ин “сафари кории Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе” (ҳамон манбаъ) чандон саҳеҳ нест. Беҳтар аст он тарс номида шавад. Тарси аз даст додани қудрат. Имкон надорад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз он рӯҳияи шадиди эътирозӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо суръат рушд мекунад, аз роҳбандии мардуми Хуросон ва аз даъвати раҳбари мухолифон барои канор заданаш қудрат бехабар бошад.
Гирифторӣ ба коруно бо дарназардошти синну сол ва бастаи бемориҳои, ки Раҳмон дорад хеле хатарнок аст, аммо қиёми мардум ва инқилоб бамаротиб хатарноктар аз он. Шонси гирифторӣ ба беморӣ бо дарназардошти тадбирҳои эҳтиётие, ки барои нафароне мисли ӯ меандешанд, хеле ночиз аст, аммо шонси аз даст додани қудрат дар ҳоли идома ва шиддат гирифтани рӯҳияи эътирозӣ хеле бузург. Агар ҳатто худаш ҳам ба коруно гирифтор шуд, хатар барои ҷони худаш аст ва ҳади ақал хонаводаи бузургаш солим мемонад, аммо дар сурати қиём қудрат, боигарии 28 сол ҷамъкардааш ва ҳаёти тамоми хонаводааш дар хатар меафтад. Ин аст, ки маҷбур шуд сарашро аз сӯрохӣ берун орад.
“Ифшогарии” дафтари матбуотии раисҷумҳур
Дар ҳамин ҳол зуҳури тарғиботии Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳама иқдомҳои тарғиботиаш сирҳоеро ҳам ифшо кард. Дафтари матбуотии раисҷумҳур нохоста маълумотеро нашр кард, ки зоҳиран барои худи раисҷумҳур пешбинӣ шуда буд. Манбаъ навиштааст:
“Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд”.
Эътирофи вуҷуди 5284 бемор танҳо дар беморхонаҳои пойтахт дар ҳолест, ки мақомот даъво доранд дар тамоми кишвар то ҳол 2140 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бо дарназадошти ин ки ба беморхонаҳо танҳо беморони ҳолашон вазнинро қабул мекунанд, ҳатто тасаввур кардани ин ки шумори умумии беморон дар пойтахт чӣ қадар аст, мушкил мебошад.
Шумори беморон дар тамоми кишварро низ метавон аз идомаи гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳур пайдо кард:
“Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд”.
Яъне 32500 нафар дар тамоми кишвар.Агар таносуби беморону табибон бо Душанбе муқоиса шавад, пас дар беморхонаҳои кишвар беш аз 30 000 нафар гирифтори COVID-19 бистарианд. Аз тамоми кишвар хабарҳо расонаӣ мешаванд, ки на танҳо дар беморхонаҳо фақат беморони вазъашон вахимро роҳ медиҳанд, балки бештари беморон тарҷеҳ медиҳанд худро дар хона табобат кунанд. Яъне шумори умумии беморон метавонад даҳҳо баробар бештар аз онҳое бошад, ки дар беморхона бистарианд.
“Ифшоагарии” дафтари матбуотии раисҷумҳур бо ин тамом намешавад. Дар идома гуфта мешавад:
“Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд”.
Як табиби муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ қаблан ба Паём навишта буд, ки ҳар рӯз ҳади ақал 20 беморро қабул ва муоина мекунад.
Ғайр аз ин, тибқи ҳамин гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳур:
«Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба таври илова якчанд беморхонаи муваққатӣ барои зиёда аз 3200 кат баҳри табобати гирифторони COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити зарурӣ, алалхусус бо ҷалби мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба, таъмини таҷҳизоти тиббии баландсифат ва доруворӣ ташкил карда шудааст».
Сообщение ПАЁМ.net.