Дар ду рӯз боз се табиби маъруфи кишвар аз гирифтори ба вируси коруно ба шаҳодат расиданд. Дар умум дар ин муддат аз марги ҳади ақал 5 табиб хабар расид.
Пизишки номӣ ва яке аз чеҳраҳои саршиноси миллӣ ва фарҳангӣ Сайидшоҳ Акрамзода субҳи имрӯз ба дидори парвардигораш шитофт. Ӯ на танҳо пизишки ҳозиқу касбӣ буд, балки нафари фарҳангӣ, зиёӣ ва миллӣ маҳсуб мешуд, ки қабл аз маргаш ҳам дар васфаш достонҳо навишта буданд.
Яке аз чунин достонҳо ба қалами нависандаи маъруф Абдуқодири Рустам таъаллуқ дорад, ки мо онро ҷудогона нашр мекунем.
Ҳамчунин хонандагони Паём аз Истаравшан аз марги табиби дигар бо насаби Мӯсоев хабар медиҳанд.
Бо ин ҳисоб шумори табибоне, ки дар мубориза бо кушандатаринвирус сад соли ахир ба шаҳодат расиданд ва номашон расонаӣ шуд ба 50 нафар наздик шуд.
Сообщение ПАЁМ.net.