Рубрики Хабарҳо

Ҷабборов Тоҷикистонро душман хонд ва дар ҳамла муттаҳам кард

Раисиҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов рӯзи 29 декабр дар маҷмааи ёдгории Ота-Бейити вилояти Бодканд, дар маросими дафни лейтенанти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Достон Анорбеков, ки дар муноқишаи марзии Қирғизистону Тоҷикистон ҷон бохтааст, ширкат ва суханронӣ кард. 

Дар , ки хабаргузории расонаӣ кардааст, Содир Ҷабборов, зимни суханронӣ ҷониби Тоҷикистонро душман хонда, боз ҳам Тоҷикистонро ба ҳамлаи мусаллаҳона айбдор кард.

Ӯ гуфт,  “дар моҳи сентябри соли равон дар ҳамлаи мусаллаҳона ба вилояти Бодканд ҷавонон кушта шуданд ва ин ҳодиса барои тамоми мардуми қирғиз андӯҳовар буд.

Раисҷумҳури Қирғизистон афзуд, “мутаассифона, чанде пеш кишвари ҳамсоя ба қаламрави Қирғизистон ҳамла кард. Аммо Достон барин ҷавонони диловари қирғиз чун девор ба муҳофизати Ватани худ истода, ҳуҷуми мусаллаҳонаро хунсо карданд. 

Дар давоми суханронии худ Ҷабборов изҳор дошт, ки « Дастон Анорбеков ба савганди ҷангии худ вафо карда, дар ҷангҳои зидди душман барои Ватан, барои сулҳу осоиши халқи қирғиз, баҳри тамомияти арзии кишвар, дахлнопазирии сарҳад кушта шуд. 

Гуфтанист,  дар муноқишаи сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон санаи 16 сентябри соли 2022, зодаи ноҳияи Талас, муовини сардори дидбонгоҳи марзии «Достук» Достон Анорбекови 21-сола ҳангоми задухурд дар ҳудуди мактаби деҳаи Дӯстук ба ҳалокат расид. Ҷасади сарҳадбон муддати тӯлонӣ шиносоӣ нашуда боқӣ монд ва танҳо пас аз як силсила ташхисҳо шахсияти ӯ муайян карда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *