11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Вазири кишвари Либия: Русия 8 ҷанганда дар ихтиёри Ҳафтар қарор дод

Фатҳӣ Башағо, вазири кишвари Либия эълом кард, ки Русия 8 фарванд ҷанганда дар ихтиёри Ҳафтар қарор додааст. 

Фатҳӣ Башағо, вазири кишвари Либия дар гуфтугӯ бо шабакаи Блумберг эълом кард, ки Русия 8 фарванд ҷанганда дар ихтиёри Ҳафтар қарор додааст. 

Вазири кишвари Либия афзуд: Ҳадди ақал шаш фарванд ҷангандаи “МиГ-29” ва ду фарванд ҷангандаи “Су-24” сохти Русия аз пойгоҳи ҳавоии Ҳимаймими Сурия бархоста ва ба шарқи Либия, минтақаи таҳти ишғоли шибҳинизомиёни халифа Ҳафтар расиданд. 

Мақомоти федератсияи Русия то кунун дар ин маврид изҳори назар накардаанд. 

Ба гузориши расонаҳои Либия, аносири ҳавоии мутааллиқ ба шибҳинизомиёни Ҳафтар муддаӣ шудаанд, ки ‘”бузургтарин амалиёти ҳавоӣ дар таърихи Либия алайҳи аҳдофи турк”-ро оғоз хоҳанд кард. 

Гуфтанист, ки артиши Либия рӯзи гузашта бо интишори иттилоия аз инҳидоми панҷ сомонаи падофанди ҳавоии “Пантсир” сохти Русия, ки Амороти муттаҳидаи арабӣ барои шибҳинизомиёни халифа Ҳафтар таъмин кардааст, хабар дод. 

Артиши Либия ҳамчунин чанд рӯзи пеш пойгоҳи низомии “Алутия” дар ғарби Траблусро аз ишғоли шибҳинизомиёни халифа Ҳафтар озод карданд. 

Ҳамзамон бо муваффақиятҳои низомӣ бархе аз шӯрои шаҳрҳо ҳимояти худ аз давлати машрӯъи Либия ба раҳбарии Файз Ал-Сироҷ ва амалиёти “Биркон- ал-ғазаб”-и артиши ин кишвар алайҳи шибҳинизомиён вобаста ба халифа Ҳафтарро эълом карданд. 

Ба тозагӣ кумитаи таҳрими Либия Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид тайи гузорише, эълом кард, ки ду ширкати аморотӣ даҳҳо муздури низомии ғарбиро ба манзури кӯмак ба нерӯҳои таҳти фармони генерали кудитогар Халифа Ҳафтар ба Либия эъзом кардаанд. Ин муздурони низомии ғарбӣ дар моҳи июни 2019 ба Либия эъзом шудаанд. Ин ду ширкат ҳамчунин муттаҳам ба таъмини чархбол, паҳпод ва пуштибонии интернетӣ аз халифа Ҳафтар ҳастанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *