Насаби Он ҳазрат (с) чунин аст: Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб, ки Шайбатулҳамд низ мегуфтанд, ибни Ҳошим ибни Абдуманноф, номаш Муғира буд, ибни Қусай, ки Зайд низ мегуфтанд, ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб ибни Фиҳр ибни Молик ибни Назр ибни Кинона ибни Хузайма ибни Мадрака ибни Илёс ибни Музар ибни Наззор ибни Муад ибни Аднон.
Аз насаби шарифи Он ҳазрат (с) то ҳамин ҳад ҳама бар он иттифоқ дошта, аз ин ба боло дар он ихтилоф аст, ки дар хусуси он ба чизе эътимод карда намешавад. Вале ба он ки Аднон аз ҷумлаи фарзандони Исмоил паёмбар писари Ҳазрати Иброҳим (а) аст, касе шубҳа надорад. Худованд Он ҳазрат (с)-ро аз поктарин қабила, беҳтарин раҳм ва тозатарин камар ихтиёр намудааст ва чизе аз палидиҳои ҷоҳилият ба ҳеҷ насабе аз ӯ олуда нашудааст.
Имом Муслим бо санади хеш аз Паёмбар (с) ривоят намудаанд, ки Он ҳазрат (с) фармуданд: “Худованд Кинонаро аз фарзандони Исмоил, Қурайшро аз Кинона, Ҳошимро аз Қурайш ва маро аз Банӣ Ҳошим баргузид”.
Таваллуди Он ҳазрат (с) бошад, соли Фил ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳамон соле, ки Абраҳаи Ашрам талоши ҳамла ба Макка ва тахриби Каъбаро карда буд. Аммо Худованд ӯро бо мӯъҷизаҳои нуронии худ аз ин роҳ гардонида буд, ки васфи он дар Қуръони карим омадааст. Таърихи он ба эҳтимоли қавитар рӯзи душанбеи дувоздаҳуми моҳи Рабеъулаввал аст.
Он ҳазрат (с) ятим ба дунё омада буданд. Чунки падарашон Абдуллоҳ вақте он кас думоҳа дар раҳми модар буданд, аз олам гузашт. Сарпарастии эшонро бобояшон Абдулмутталиб ба зимма гирифта, тибқи одати онвақтаи арабҳо, барояшон занеро аз қабилаи Банӣ Саъд ибни Бакр, ки номаш Ҳалима бинти Абизуайб буд, барои ширхорагӣ киро намуд.
Ровиёни таърихи Паёмбар (с) иттифоқ кардаанд, ки дашти Банӣ Саъд он солҳо аз хушксолӣ ранҷ мекашид, ки бар асари он на алаф дар саҳро монда буду на шир дар пистони чорво. Вале бо муҷарради он, ки кӯдаки нав ба манзили Ҳалима омаду дар оғӯшаш ҷойгир шуда, аз пистонаш ба шир нӯшидан оғоз кард, атрофи манзилаш дубора сабзу хуррам шуда, бузу гӯсфандонаш бегоҳӣ аз саҳро бо шиками серу бо пистони пур аз шир меомадагӣ шуданд. Замони дар дашти Банӣ Саъд буданашон ҳодисаи “Шаққуссадр” (шикофтани сина) рух дода буд. Ин воқеаро Имом Муслим дар Саҳеҳи худ нақл кардаанд[1]. Баъди ин ҳодиса Ҳалима кӯдакро, ки синни панҷро пур карда буд, ба модараш бармегардонад.
Вақте ба шаш даромаданд, модарашон Омина низ вафот карданд. Минбаъд парастории эшон пурра ба уҳдаи бобояшон Абдулмутталиб мегузарад. Вақте Муҳаммад (с) ҳаштсола мешаванд, бобояшон низ аз олам чашм мепӯшад ва сипас парастории эшонро амакашон Абутолиб ба зиммаи худ мегирад.
Панду андарзҳо:
Аз ин пора аз таърихи Паёмбар (с) якчанд панду андарзи муҳим гирифта мешавад, ки ба таври зайл онро ихтисор мекунем:
1. Он чи аз насаби Паёмбар (с) баён намудем, ба таври возеҳу равшан далолат бар он мекунад, ки Худованд аз миёни дигар миллатҳо ба арабҳо имтиёз бахшид ва аз байни боқӣ қабилаҳо ба Қурайш бартарӣ дод. Ин маъно дар ҳадисе, ки Имом Муслим аз Паёмбар (с) нақл кардаанд, низ ошкоро баён шудааст. Ба ин маъно ҳадисҳои зиёди дигаре низ омадаанд. Масалан, Имом Тирмизӣ ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) бар минбар баромада гуфтанд: “Ман кистам?”. Нишастагон гуфтанд: Шумо паёмбари Худоед. Баъд фармуданд: Ман Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталибам. Худованд махлуқотро офарида онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Маро бошад, дар гурӯҳи беҳтарин ҷой дод. Баъд онҳоро боз ба қабилаҳо ҷудо намуд ва маро дар беҳтарини қабилаҳо ҷой дод. Баъд онҳоро ба хонадонҳо ҷудо кард ва маро боз дар беҳтарини хонадонҳо, покизатарини нафсҳо ҷой дод”[2].
Дониста бошед, ки муҳаббати Паёмбари Худо (с) тақозо мекунад, ки шахси мусулмон он қавмеро, ки дар он паёмбар зуҳур карданд ва он қабилае, ки аз он ба дунё омаданд, низ дӯст дорад. На аз ҷиҳати афроду ҷинс, балки аз рӯйи ҳақиқати маҳз. Зеро ҳақиқати арабии қурайшӣ, бидуни шакку шубҳа, ба он шарафёб шудааст, ки Паёмбар (с) ба он мансубият доранд. Албатта, он нохушиҳое, ки ба арабҳо ва ё қурайшиҳои аз роҳи Худо гумроҳшуда ва аз мақоми каромати инсонӣ, ки Худо барои бандагонаш ихтиёр кардааст, поён шуда мерасад, ин ҳақиқатро инкор намекунад. Зеро ин гумроҳиву таназзул хусусияти онро дорад, ки иртиботи шахсро бо Паёмбар (с) ба якборагӣ аз байн мебарад ва онро аз эътибор соқит мекунад.
2. Аз қабили тасодуф нест, ки Паёмбар (с) ятим ба дунё оянду дере нагузашта аз бобо низ маҳрум шаванд. Ҳамин тавр, дар зинаҳои нахустини зиндагӣ дур аз тарбияву парастории падар ва маҳрум аз меҳру ғамхории модар монанд.
Худованд ба ҳикматҳои аҷиби худ чунин оғозро ба паёмбараш ихтиёр намуд. Шояд аз муҳимтарини он ҳикматҳо ин бошад, ки дар оянда муғризон натавонанд, ки ба дили бандагон шубҳа ворид кунанд, ё ба гӯши онҳо хонанд, ки Муҳаммад (с) хиштҳои нахустини бинои даъват ва рисолаташро ҳанӯз аз замони бачагӣ бо иршоду раҳнамоии падару бобояш гузошта буд. Чаро не? Магар бобояш Абдулмутталиб пешвои қавми худ набуд?! Магар нигаҳдориву хидмати Каъба ба зиммаи ӯ набуд?! Табиист, ки чунин бобо набераи худашро ё падар фарзандашро барои дар оянда нигаҳ доштани ин мерос омодаву тарбия мекунад.
Ана барои ҳамин, ҳикмати Худо нагузошт, ки шахсони муғриз ба чунин шакку шубҳаҳо даст дошта бошанд. Паёмбар (с) дур аз тарбияу парвариши падару модар ва бобо ба воя расиданд. Гузашта аз ин, марҳилаи ширхорагиашон низ дар дашти Банӣ Саъд дур аз муҳити оила гузашт. Вақте бобояшон вафот кард, парасторӣ ба амакашон Абутолиб, ки то соли даҳуми паёмбарӣ умр дид, интиқол ёфт. Боз аз такмилаи ҳамин ҳикмат буд, ки ӯ беимон аз олам рафт. То ба шубҳа маҷоле набошад, ки барои амакашон дар кори даъват дасте буд. Яъне, масъала масъалаи қабила ва хонадону сарвариву мансаб буд.
Ҳамин тавр, ҳикмати Худованд хост, ки Паёмбараш (с) ятим ба воя расанд, танҳо зери инояти илоҳӣ бошанд, аз дастоне, ки кӯдакро навозиш медиҳад, моле, ки ӯро зиёда аз ҳад нозпарварда мекунад, дур калон шаванд, то нафсашон ба бузургии молу мансаб баста нагардаду аз сарвариву садорати дар атрофашон буда, таъсир набинанд, ки баъд мардум қудсияти нубувватро аз ҷоҳи дунё ҷудо карда наметавонанд ва гумон мекунанд, ки он кас аз худ паёмбарӣ бофтанд, то ба ҷоҳу ҷалол даст ёбанд.
3. Ба иттифоқи нигорандагони таърихи паёмбарӣ заминҳои Ҳалимаи Саъдия, баъд аз он ки хушку беҳосил буд, сабзазору хуррам шуд, ба пистони гӯсфанди пираш, ки хушку холӣ аз шир буд, дубора шири фаровон омад. Ин падидаҳо далолат бар он мекунанд, ки мақому мартабаи Паёмбар (с) ҳатто замони кӯдакиашон, назди Худо хеле баланду боло будааст. Чун кӯдакеро чунон икром намуд, ки бо шарофати шир додан ба ӯ хонадони Ҳалимаи Саъдия низ икром ёфт. Дар ин ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест, зеро шариат ба мо мегӯяд, ки чун борон наомад, бо баракати солеҳон ва аҳли байти Муҳаммад (с) аз Худо борон талаб кунед. Умед аст, ки Худо дуоятонро мепазирад[3]. Агар ҳол бо шахсони одӣ чунин бошад, чӣ мешавад, агар макон бо вуҷуди Расули Худо (с), ҳол он ки ҳанӯз кӯдак дар бағали Ҳалима буданд, мушарраф гардад? Ба сабз гаштани замини хушк сабаб шудани Он ҳазрат (с) аз сабаб будани борони осмону чашмаи замин дида расотар аст. Модоме ки ҳама чиз ба дасти Худо асту Ӯ танҳо сабабсози сабабҳо мебошад, ҳабибаш Паёмбар (с) сазовортаранд, ки дар саргаҳи асбоби баракат ва икроми илоҳӣ қарор дошта бошанд. Зеро Он кас ба сареҳи баёни Қуръон “وَما أَرْسَلْناكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعالَمِينَ” [الأنبياء 21/ 107] (Туро танҳо раҳмате ба ҷаҳониён фиристодем) раҳмати Худо ба мардум мебошанд.
4. Ҳодисаи “Шаққуссадр” (шикофтани сина), ки нисбат ба Паёмбар (с) ҳини дар дашти Банӣ Саъд буданашон рух дода буд, аз ҷумлаи нишонаҳои нубувват ва далелҳои эшонро ба кори бузурге ихтиёр намудани Худо шуморида мешавад. Ҳодисаи мазкур бо санади саҳеҳ аз якчанд саҳобӣ нақл шудааст. Аз ҷумла, Анас ибни Молик (раз.) дар ривояти Имом Муслим чунин нақл кардаанд: “Вақте Паёмбар (с) бо бачагон дар бозӣ буданд, Ҷибраил омада, он касро гирифтанд ва хобонида, синаашро шикофтанд ва дилашонро берун карда, аз он хунпораеро бароварда гуфтанд: Ин насибаи Шайтон аз ту аст. Баъд онро дар зарфе заррин бо оби замзам шӯста, дубора ба ҷояш гузоштанд. Бачагони ҳамроҳашон ин ҳолатро дида, зуд назди модари ширхораашон омада, гуфтанд: Муҳаммадро куштанд. Вақте ба наздашон рафтанд, он касро рангпарида ёфтанд”[4].
Ҳикмат аз ин ҳодиса боз Худо донотар аст, решакан намудани ғадуди зиштӣ аз вуҷуди Паёмбар (с) набуд. Зеро агар манбаи зиштӣ ғадуде ва ё хунпорае дар ҷисми инсон мебуд, ҳароина бадкореро тавассути амалияи ҷарроҳӣ хуб кардан чӣ осон коре мешуд. Вале, чунин ба назар мерасад, ки ҳикмат ба дигарон маълум кардани мақоми Паёмбар (с) буд. Яъне, он кас баҳри маъсумияту ваҳй ҳанӯз аз овони хурдсолӣ бо василаҳои моддӣ омода мешуданд, то ба бовари мардум наздиктар бошаду дар тасдиқи рисолаташон тараддуде накунанд. Яъне, он амалияи поксозии маънавӣ буд, ки маҳз бо ҳамин тариқаи ҳиссӣ иҷро гардид, то он ба масобаи эълони илоҳӣ пеши чашму гӯши мардум бошад.
Новобаста аз чи гуна будани ҳикмат аз ин ҳодиса, модоме ки саҳеҳ будани он собит шудааст, моро зарур аст, ки ба кофтани василаҳое, ки тариқи он ин ҳадисро аз зоҳиру ҳақиқаташ ба таъвили ноҷову пуртакаллуф мебарорем, саъй накунем. Ба касе, ки бо вуҷуди исбот шудани сиҳҳати ин хабар, ба чунин кор саъй мекунад, узре ба ҷуз заифии имон ба Худо намеёбед.
Бояд донист, ки меъёри қабул кардани хабар ин росту саҳеҳ будани ривоят аст. Агар ривоят ба таври қатъӣ собит бошад, пас, мо маҷбур ҳастем, ки онро чун нури дидаву тоҷ бар сар қабул кунем. Масъалаи фаҳмиши он бошад, тарозу барои он далолати забони арабӣ ва аҳкоми он мебошад. Аз сухан пеш аз ҳама маънои аслӣ ва ҳақиқии он фаҳмида мешавад. Агар мумкин мебуд, ки ҳар хонанда ва ё муҳаққиқе маънои суханро аз ҳақиқату асли он ба далолатҳои мухталифи маҷозӣ барад, то аз он мазмуни хуш кардаашро интихоб намояд, ҳароина забон қимати худро гум мекарду далолати сухан аз байн мерафт ва мардум дигар маънои дурустро ёфта наметавонистанд.
Аслан, чаро шахс ба таъвил рӯй меораду ба инкори маънои аслӣ талош мекунад?
Ин ҳолат танҳо дар сурати заифии имон ба Худо ва коҳиши яқин ба нубуввати Муҳаммад (с) ва ростии рисолаташон рух медиҳад. Вагарна, чӣ басо осон аст бовар кардан ба он чӣ дурустиаш исбот шудааст, новобаста аз он ки ҳикмати он маълум шуд, ё не.
[1] راجع قصة استرضاعه في بادية بني سعد وخبر شق صدره في سيرة ابن هشام: 1/ 64 وانظر صحيح مسلم: 1/ 101 و 102
[2] الترمذي: 9/ 236 كتاب المناقب
[3] يستحب الاستشفاع بأهل الصلاح والتقوى وأهل بيت النبوة سواء في الاستسقاء وغيره: أجمع على ذلك جمهور الأئمة والفقهاء. انظر فتح الباري: 2/ 339 ونيل الأوطار: 2/ 7 وسبل السلام: 2/ 134 والمغني لابن قدامة الحنبلي: 2/ 265
[4] . (5) مسلم 1/ 101 و 102 وثبت في الصحيح تكرار حادثة شق صدره صلّى الله عليه وسلم أكثر من مرة.
Сообщение ПАЁМ.net.